Ӯзбекистон мизбони нишасти байнулмилалӣ оид ба Афғонистон хоҳад буд

Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон аз баргузории нишасти байнулмилалӣ оид ба масоили Афғонистон рӯзҳои 25-26 июли соли ҷорӣ хабар дод. Гуфта мешавад, конфронс дар шаҳри Тошканд бо иштироки ҳайатҳои беш аз 20 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байнулмилалӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳияи маҷмӯи тадбирҳо ва пешниҳодҳо оид ба бархӯрдҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати мусоидат ба субот, […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон аз баргузории нишасти байнулмилалӣ оид ба масоили Афғонистон рӯзҳои 25-26 июли соли ҷорӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, конфронс дар шаҳри Тошканд бо иштироки ҳайатҳои беш аз 20 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байнулмилалӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳияи маҷмӯи тадбирҳо ва пешниҳодҳо оид ба бархӯрдҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати мусоидат ба субот, амният, бозсозии пас аз ҷанг дар Афғонистон ва ҳамгироии он ба равандҳои ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардуми чандмиллатии  Афғонистон ва тамоми ҷаҳон унвон шудааст.

Зикр мешавад, ки анҷумани мазкур идомаи мантиқии конфронси байнулмилалии сатҳи баланди Тошканд оид ба Афғонистон «Раванди сулҳ, ҳамкории амниятӣ ва ҳамкории минтақавӣ» (27 марти соли 2018) ва конфронси байнулмилалии сатҳи олии Тошканд «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: робитаи минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо» (15-16 июли 2021) хоҳад буд.

Дар ҳамин росто мавриди зикр аст, ки як ҳайати муштарак аз ҳукумати Толибон, сектори хусусии таҳти раёсати Нуридддин Азизӣ, сарпарасти вазорати санъат ва тиҷорати давлати муваққати Толибон рӯзи 2 июл вориди Тошканд шуданд.

Гуфта мешавад, дар вохӯриву гуфтушунидҳои онҳо бо мақомоти Ӯзбекистон масоили тақвияти тиҷорат, транзит ва ҳалли мушкилоти тоҷирони афғон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.