Русия ҳамаи маҳдудиятҳои гузаштан бо сарҳади заминиро бекор кард

Ситоди фаврии пешгирии вуруд ва паҳншавии сирояти коронавируси Русия дар бораи ифтитоҳи сарҳадҳои заминии Русия аз 15 июл қарор қабул кард. “Баъди баррасӣ ситод тасмим гирифт, ки аз 15 июли соли 2022 маҳдудиятҳои муваққатӣ дар гузаштани сарҳади давлатии Русия бар асари эпидемияи коронавирус бекор карда мешаванд”, – менависад Известия бо истинод ба ситод. Рӯзи 1 […]

Asia-Plus

Ситоди фаврии пешгирии вуруд ва паҳншавии сирояти коронавируси Русия дар бораи ифтитоҳи сарҳадҳои заминии Русия аз 15 июл қарор қабул кард.

“Баъди баррасӣ ситод тасмим гирифт, ки аз 15 июли соли 2022 маҳдудиятҳои муваққатӣ дар гузаштани сарҳади давлатии Русия бар асари эпидемияи коронавирус бекор карда мешаванд”, – менависад Известия бо истинод ба ситод.

Рӯзи 1 июл маълум шуд, ки роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳои бар асари COVID-19 ҷоришуда қарор ба имзо расонидааст.

Аз ҷумла реҷаи ниқобпӯшӣ, манъи кори шабонаи нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва як қатор маҳдудиятҳои дигар бекор карда мешаванд. Саҳеҳ мешавад, ки қарор бо сабаби коҳиши ҷараёни сироят аз вирус қабул шудааст.

Гуфта мешавад, тайи чор моҳи ахир дар кишвар камшавии ҳолатҳои сироят аз COVID-19 ва беморӣ ба мушоҳида мерасад.

Ёдрас мекунем, ки айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо роҳи ҳавоӣ аз марзҳои Русия гузашта метавонанд. Аз Қазоқистон ба Русия бо роҳи заминӣ тоҷикистониён танҳо дар ҳолатҳои ҷудогона бо доштани асосҳои иловагии бо ҳуҷҷат тасдиқшуда ворид шуда метавонанд.

Шояд акнун вазъият тағйир ёбад.

Дар Тоҷикистон ҳоло ҳам маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус амал мекунанд, ҳарчанд тибқи омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ сироятшудагон бори охир 18 феврал ошкор шуда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.