Мақоми худмухтории Қароқалпоқистон дар Конститутсияи Ӯзбекистон ҳифз мешавад

Парлумони Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки мақоми худмухтории Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар тарҳи Конститутсияи ин кишвар ҳифз карда шавад. Тавре ки Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, ин тасмим дар пайи эътирозҳои сокинони Қароқалпоқистон гирифта шуд. "Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар вохӯрӣ бо вакилони порлумон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ қайд кард, ки ҳамаи пешниҳодҳо бояд ба инобат […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Парлумони Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки мақоми худмухтории Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар тарҳи Конститутсияи ин кишвар ҳифз карда шавад.

Тавре ки Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, ин тасмим дар пайи эътирозҳои сокинони Қароқалпоқистон гирифта шуд.

"Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар вохӯрӣ бо вакилони порлумон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ қайд кард, ки ҳамаи пешниҳодҳо бояд ба инобат гирифта шавад", – омадааст дар иттилоияи порлумони Ӯзбекистон.

Сокинони Қароқалпоқистон панҷ рӯзи охир ба зидди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон эътироз карданд. Матни ислоҳҳо рӯзи 26-уми июн барои баррасӣ ба муҳокимаи умум гузошта шуд. Дар банди вобаста ба мақоми Қароқалпоқистон калимаи "мустақил"-ро бардоштаанд ва дар он ишорае ба ҳаққи ҷудо шудани ин ҷумҳурии мухтор аз қаламрави Ӯзбекистон нест.

Раисиҷумҳури Узбекистон рӯзи 2-юми июл гуфт, ислоҳи панҷ моддаи Конститутсияи Ӯзбекистон, ки ба истиқлоли Қароқалпоқистон пайванд дорад ва боиси норозигии мардум шудааст, "бетағйир гузошта шавад".

Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 40 дар сади қаламрави Ӯзбекистонро ташкил медиҳад ва аҳолиаш тақрибан 2 миллион нафар аст. Забони расмии он қароқалпоқӣ ва ӯзбекӣ аст. Дар солҳои аввали Шӯравии собиқ Вилояти Мухтори Қароқалпоқистон вуҷуд дошт, ки соли 1936 ба қаламрави Ӯзбекистон ҳамроҳ карда шуд.

Дар оғози солҳои 90-ум, баъди пошхӯрии Шӯравӣ, Шӯрои Олии Қароқалпоқистон Эъломияи истиқлол қабул кард ва соли 1993 аҳдномаи байнидавлатӣ дар бораи ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шудани Қароқалпоқистон имзо шуд.

Маҳз дар ҳамин аҳднома ҳаққи берун шудани Қароқалпоқистон аз ҳайати Ӯзбекистон зикр шудааст ва айни чиз дар Конститутсияи Ӯзбекистон низ ҳаст.

Дар Қароқалпоқистон рӯзи 3-юми июл вазъи фавқулода ҷорӣ шуд. Сокинони он ба зидди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон эътироз карданд. Сокинони шаҳри Нуқус, маркази ин ҷумҳурии мухтор, навиштанд, ки дар шаҳр дастрасӣ ба Интернет ва хадамоти телефонҳои ҳамроҳ маҳдуд шудааст.

Расонаҳои дохилии Ӯзбекистон хабар доданд, ки барои пароканда кардани тазоҳурот нерӯҳои иловагии Горди миллиро ба Қароқалпоқистон фиристондаанд ва боздоштҳо низ сурат гирифтааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.