Бонки миллӣ тангаҳои намунаи навро ба муомилот баровард

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тангаҳои намунаи соли 2022-ро бо “сомонӣ” –  бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва бо “дирам” – бо арзиши номиналии 50 дирам ба муомилот баровард. Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ хабар медиҳад, тангаҳои намунаи нав аз 1 июл дар қатори тангаҳои гардишии БМТ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тангаҳои намунаи соли 2022-ро бо “сомонӣ” –  бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва бо “дирам” – бо арзиши номиналии 50 дирам ба муомилот баровард.

Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ хабар медиҳад, тангаҳои намунаи нав аз 1 июл дар қатори тангаҳои гардишии БМТ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Ҳадаф аз ба муомилот баровардани тангаҳои намунаи нав “таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ бар асоси қарори Раёсати БМТ аз 30 июни соли 2022” унвон мешавад.

Гуфта мешавад, Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ уҳдадор гардид, ки барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои намунаи нав тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои заруриро андешад.

Ёдрас мекунем, ки пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ 30 октябри соли 2000-ум ба муомилот бароварда шуд. Ин воҳиди пулӣ рубли тоҷикии қаблан мавриди истифода қарордоштаро иваз намуд.

Айни замон дар Тоҷикистон пулҳои коғазӣ (500, 200, 100, 50, 20, 10, 5, 3 ва 1 сомонӣ) ва тангаҳои фулузии (50, 20, 10, 5, 2 ва 1 дирам, инчунин 1, 3, 5 сомонӣ) дар муомилот қарор доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.