Баҳси “Манқурт”. Вазорат: “ба сиёсати имрӯза мувофиқ нест”, Барзу: “ба сиёсат дахл накардем”

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон  зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, имрӯз, 12 июл гуфт, намоиши “Манқурт. Реквием"-и коргардон Барзу Абдураззоқов бо чунин шаклу мазмун барои сиёсати имрӯзаи кишвар қобили қабул набуд ва аз ин рӯ, намоиш дода нашуд. Давлатзода, ҳамчунин афзуд, ки коргардон "аз матни асар дур рафта, онро таҳриф кардааст". – Коргардон аз матни […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон  зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, имрӯз, 12 июл гуфт, намоиши “Манқурт. Реквием"-и коргардон Барзу Абдураззоқов бо чунин шаклу мазмун барои сиёсати имрӯзаи кишвар қобили қабул набуд ва аз ин рӯ, намоиш дода нашуд.

Давлатзода, ҳамчунин афзуд, ки коргардон "аз матни асар дур рафта, онро таҳриф кардааст".

– Коргардон аз матни аслии муаллиф, Чингиз Айматов, дур рафта, ба он иловаҳои худро ворид ва муҳтавои асарро таҳриф кардааст. Намоиш бо чунин шаклу мазмун барои сиёсати имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар ва барои таълиму тарбияи насли наврас қобили қабул дониста нашуд, яъне аз ҷониби шӯрои бадеӣ пазируфта нашуд", – шарҳ дод вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Вале дар ҳамин ҳол, худи коргардон Барзу Абдураззоқов дар суҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфтааст, муҳтавои асари Чингиз Айтматовро дигар накард, балки муҳит ва қаҳрамонҳоро тоҷикӣ кард.

Ҳамчунин, вай афзудааст, ки онҳо зимни таҳияи ин намоиш ба сиёсат дахл накардаанд.

– Мо муҳитро ба Тоҷикистон овардем ва ин фоҷиаи як зани тоҷик бо фарзанди манқурташ буд. Мо ба сиёсат дахл накардем. Мо ҳувияти миллии тоҷиконро таҳлил кардем. Ҳанӯз ба ин назарам, ки манқуртизатсия яке аз масъалаҳои муҳими мардуми мост. Инки мегӯянд, ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ созгор нест, тарс аз русҳо аст, ки мабодо хафа нашаванд, – гуфтааст Абдураззоқов.

Ёдовар мешавем, ки Намоиши "Манқурт. Реквием", аз рӯйи асари маъруфи нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов "Дуроҳаи бӯронӣ" дар коргардонии Барзу Абдураззоқов таҳия гардид. 

Қарор буд, ин намоишнома 20-уми май дар театри "Падида" намоиш дода шавад. Вале рӯзи 19 май мақомот нагузоштаанд, ки он  рӯйи саҳна биояд. Далели мақомот ин буд, ки намоишнома бояд аз назари шӯрои бадеӣ гузарад.

Он вақт худи Барзу Абдураззақов ин мавзуъро барои расонаҳо шарҳ надод ва танҳо навишт, ки “намоиши "Манқурт" баста шуд”.

– Далелҳояшро намедонам, беҳтар аст бигӯям, ки медонам, аммо намехоҳам, ки вориди гумонзаниҳои "бемавқеъ" шавам. Дақиқан монанди ин латифа: "чӣ бинависам, бе ин ҳам ҳама чиз маълум аст",-навиштааст коргардон.

Коргардон дар он навиштаи фейсбукияш гуфта буд, ки манъ шудани намоиши "Манқурт" онҳоро афсурда кардааст, зеро нақша доштанд намоишҳои дигареро ҳам ба саҳна бигузоранд.

Чанд сол пеш ҳам аз намоиши яке аз корҳои дигари ин коргардонро низ манъ карда буданд. Намоиши "Девонагӣ. Соли 93" низ соли 2009, пас аз як ду бори рӯйи саҳна омадан, аз сӯи мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон манъ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.