Дар Тоҷикистон ояндаи наздик номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин иваз мешавад

Ояндаи наздик Тоҷикистонро мавҷи нави табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин интизор аст. Зимни нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳали назди президенти Тоҷикистон хабар дода шуд, ки аз оғози соли 2021 то имрӯз дар Тоҷикистон номи 88 маҳаллаҳои аҳолинишин –  деҳаву шаҳрак ва ҷамоатҳо иваз шудаанд. Охирин маҳаллаи аҳолинишине, ки номаш иваз шуд, ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод […]

Ояндаи наздик Тоҷикистонро мавҷи нави табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин интизор аст.

Зимни нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳали назди президенти Тоҷикистон хабар дода шуд, ки аз оғози соли 2021 то имрӯз дар Тоҷикистон номи 88 маҳаллаҳои аҳолинишин –  деҳаву шаҳрак ва ҷамоатҳо иваз шудаанд.

Охирин маҳаллаи аҳолинишине, ки номаш иваз шуд, ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод мебошад, ки акнун “30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” номида мешавад.

Ғайр аз ин, ин маҳаллаи аҳолинишин мақоми ҷамоати шаҳракро гирифта, деҳаи Фақирободи ҷамоати мазкур “Обшорон” ном гирифт.

Ба гуфтаи раиси Раёсати ҳамоҳангсозии Кумита Ҷаъфар Мирзозода, ивазкунии номи маҳаллаҳои аҳолинишин раванди доимӣ буда, боз идома меёбад.

Мирзозода гуфт, ояндаи наздик як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва ВМКБ, аз ҷумла ҷамоатҳои ноҳияи Мурғоб ва ду шӯрои шаҳракҳои шаҳри Хоруғ табдили ном мекунанд.

“Ҳамаи номҳои номатлуб ва ҳамчунин маҳаллаҳои аҳолинишине, ки бо номи афроди ношинос номгузорӣ шудаанд, иваз карда мешаванд”, – иброз дошт ӯ.

Роҳбари Раёсати Кумита изҳор намуд, ки аз ҳама бештар номи маҳаллаҳои аҳолинишин дар ноҳияи Лахш иваз карда шуданд, ки бо шумули деҳаву ҷамоатҳо 38 ададро ташкил медиҳанд.

“Ғайр аз ин, ҳамаи марказҳои ноҳия бояд мақоми шаҳракро дошта бошанд. Ҳозир бошад, марказҳои маъмурии бархе аз ноҳияҳо то ҳол “деҳот” номида мешаванд. Дар назар аст, ки зерсохтори онҳо ба талаботи шаҳракҳо мувофиқ карда мешавад”, – гуфт номбурда.

Зикр шуд, ки айни замон бо Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати адлия ва дигар вазорату идораҳои марбута номҳои нави иншооти ҷуғрофӣ мувофиқа мешавад. Сипас ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба ҳукумат ва парлумон пешниҳод мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.