Даргузашти ду ҳоҷии тоҷик зимни адои маросими ҳаҷ

Муҳаммад Расулови 62-сола, сокини шаҳри Исфара ва Қизларгул Тоҷиева, сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ фавтидаанд. Кумитаи дин бо истинод ба  сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Тӯрахон Шарифзода хабар медиҳад, ки ҳарду зоири тоҷик бинобар сабаби сактаи дил даргузаштаанд. Гуфта мешавад, маросими ҷанозаи ҳар ду марҳум дар “Масҷид-ул-ҳаром” баргузор гардидааст. Ба иттилои […]

Муҳаммад Расулови 62-сола, сокини шаҳри Исфара ва Қизларгул Тоҷиева, сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ фавтидаанд.

Кумитаи дин бо истинод ба  сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Тӯрахон Шарифзода хабар медиҳад, ки ҳарду зоири тоҷик бинобар сабаби сактаи дил даргузаштаанд.

Гуфта мешавад, маросими ҷанозаи ҳар ду марҳум дар “Масҷид-ул-ҳаром” баргузор гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, зоирони дигари тоҷик солим буда, бинобар сабаби гармии аз ҳад зиёди ҳаво, баъзеи онҳо «бо сабаби нӯшидани оби хунук ба бемориҳои дарди гулӯ, зуком, баландшавии ҳарорат, бемадорӣ, дарди мушакҳо, фишорбаландӣ ба табиб муроҷиат мекунанд».

Инчунин гуфта мешавад, байни зоирини тоҷик то имрӯз ягон ҳолати гирифторӣ ба “COVID-19” ба қайд гирифта нашуда, барои пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ба зоирони тоҷик шароити хубе фароҳам аст.

Ёдрас мекунем, ки имсол 3,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мешаванд. Арзиши сафари ҳаҷ барои тоҷикистониён имсол 60 ҳазору 520 сомонӣ (5 ҳазору 350 доллар) муқаррар шуд. Бозгашти ҳоҷиён ба Ватан рӯзи 17 июл дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки солҳои 2020 ва 2021 тибқи қарори мақомоти Арабистони Саудӣ, бинобар маҳдудиятҳои карантинӣ ба ҳаҷ рафтан ғайриимкон буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.