Чин ният дорад, ки дар Тоҷикистон парки индустриалӣ бунёд кунад

Ширкати Tibet Everest Resources Co., Ltd.-и Чин пешниҳод намудааст, ки дар қаламрави Тоҷикистон парки индустриалӣ (саноатӣ)-и металлҳои ранга бунёд кунад, хабар медиҳад Синьхуа. Гуфта мешавад, амалисозии ин лоиҳаи бузургмиқёсро ширкат дар ҳамдастӣ бо корхонаи фаръии “Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой” ба нақша гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, бунёди парк ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба Тоҷикистон мусоидат намуда, […]

Ширкати Tibet Everest Resources Co., Ltd.-и Чин пешниҳод намудааст, ки дар қаламрави Тоҷикистон парки индустриалӣ (саноатӣ)-и металлҳои ранга бунёд кунад, хабар медиҳад Синьхуа.

Гуфта мешавад, амалисозии ин лоиҳаи бузургмиқёсро ширкат дар ҳамдастӣ бо корхонаи фаръии “Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой” ба нақша гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, бунёди парк ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба Тоҷикистон мусоидат намуда, 10 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё месозад.

Дар ширкати чинӣ мутмаинанд, ки  татбиқи лоиҳа ба рушди иқтисоди кишвар таъсири мусбат хоҳад расонид.

Зимнан зикр мегардад, ки соли гузашта маҳсулоти корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “50% аз ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноати истихроҷи Тоҷикистон ва 10% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишварро ташкил дод”.

“Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой” соли 2007 дар минтақаи шимоли Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба гуфтаи директори генералии ширкат, тайи 15 сол ба яке аз корхонаҳо бузурги саноатии ҷумҳурӣ табдил ёфт ва имрӯз дар он зиёда аз 4 ҳазор нафар машғули коранд.

Директори генералии ширкат Ли Яо Хуэй дар як мусоҳба ба рӯзноманигорон хабар дода буд, ки ширкат ба буҷети Тоҷикистон 33 млрд сомонӣ андоз пардохт намуда, инчунин ба ҳукумати ҷумҳурӣ боз 1,6 млрд сомонӣ кумак кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.