Президенти Кипри Шимолӣ ба донишҷӯи аълохони тоҷик шахсан медал тақдим кард

Донишҷӯ аз Тоҷикистон Абдуҳаким Абдусамадов беҳтарин хатмкунандаи Донишгоҳи Шимолии Баҳри Миёназамин дар Кипри Шимолӣ эътироф шуд. Медали махсусро ба ӯ шахсан президенти ин кишвар Эрсин Татар тақдим кард. Абдуҳаким соли 2019 ба ин донишгоҳ дохил шуда, соли аввал тариқи онлайн таҳсил кард, лекин бо вуҷуди ин, донишҷӯи соли факултаи муҳандисии донишгоҳ дониста шуд. Се соли […]

Донишҷӯ аз Тоҷикистон Абдуҳаким Абдусамадов беҳтарин хатмкунандаи Донишгоҳи Шимолии Баҳри Миёназамин дар Кипри Шимолӣ эътироф шуд. Медали махсусро ба ӯ шахсан президенти ин кишвар Эрсин Татар тақдим кард.

Абдуҳаким соли 2019 ба ин донишгоҳ дохил шуда, соли аввал тариқи онлайн таҳсил кард, лекин бо вуҷуди ин, донишҷӯи соли факултаи муҳандисии донишгоҳ дониста шуд.

Се соли минбаъда низ Абдуҳаким ба чунин унвон сазовор дониста шуда, имсол пеш аз хатм ба ӯ барои хониши аъло медали махсус супурданд.

Балли миёнаи CGPA-и ӯ 3.99 балл аз 4 балли имконпазирро ташкил дод.

Абдуҳаким Литсей барои кӯдакони болаёқат дар Душанберо хатм намуда, забони англисиро хеле хуб медонад.

Бобои Абдуҳаким академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон Мунъим Абдусамадов мегӯяд, набераи аълохонаш охири моҳи июл диплом дар бораи хатми муваффақонаи EMU-ро ба даст мегирад.

“Минбаъд худаш тасмим мегирад, ки дар Тоҷикистон кор мекунад ё муддати чанд сол ба яке аз кишварҳои аврупоӣ таҷрибаомӯзи меравад. Хушнудам, ки дар Тоҷикистон боз як кадри муҳандисӣ пайдо шуд, ки барои рушди иқтисоди кишвар хеле зарур аст”, – иброз дошт академик.

Ба гуфтаи ӯ, ба Абдуҳаким ҳамасола барои хониши аъло дар ҳаҷми 2 ҳазор доллар мукофотпулӣ дода мешуд, ки аз лиҳози моддӣ дастгирии хуб буд.

Донишгоҳи Шимолии Баҳри Миёназамин (EMU) аввалини донишгоҳи давлатии Кипр буда, соли 1979 ба фаъолият оғоз намуд. Дар донишгоҳ 1100 омӯзгор аз 35 кишвари гуногун машғули кор буда, 17,5 ҳазор донишҷӯ аз 110 кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.