Дар Туркия масъалаи содироти гандум аз Украина баррасӣ мешавад

Дар мулоқоти ҳайатҳои низомии Туркия, Русия ва Украина, инчунин намояндагони СММ имрӯз, 13 июл дар шаҳри Истамбули Туркия масъалаи содироти гандуми Украина бо роҳи баҳрӣ баррасӣ мешавад, менависад centralasian.org. Дар ин бора вазири мудофиаи Туркия Хулуси Акар рӯзи 12 июл хабар додааст. Олег Николенко, намояндаи вазорати корҳои хориҷии Украина гуфтааст, кишвараш ҷонибдори он аст, ки […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Дар мулоқоти ҳайатҳои низомии Туркия, Русия ва Украина, инчунин намояндагони СММ имрӯз, 13 июл дар шаҳри Истамбули Туркия масъалаи содироти гандуми Украина бо роҳи баҳрӣ баррасӣ мешавад, менависад centralasian.org.

Дар ин бора вазири мудофиаи Туркия Хулуси Акар рӯзи 12 июл хабар додааст. Олег Николенко, намояндаи вазорати корҳои хориҷии Украина гуфтааст, кишвараш ҷонибдори он аст, ки роҳи ҳал бо миёнаравии СММ пайдо шавад.

Ба иттилои вазири мудофиаи Туркия, мақомоти низомии ин кишвар пештар ба Москва ва Киев сафар карда буданд, ки "мулоқотҳо натиҷаи мусбат додаанд". Ахиран масъалаи содироти гандуми Украинаро президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон бо президенти Русия ва Украина дар алоҳидагӣ, тариқи телефон муҳокима кард.

Бандарҳои Украина дар баҳри Сиёҳ аз 24 феврали соли ҷорӣ, замони ҳамлаи Русия ба Украина, аз фаъолият бозмондаанд.

Ба иттилои расонаҳо, бештар аз 130 киштии пур аз гандуми Украина мунтазири ҳаракат ҳастанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.