Cокини Ҳисор аз истиқоматкунандаи пойтахт 3 мошин гирифта, ҳамагӣ 20 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст

Сокини шаҳри Ҳисор ба азхудкунии 3 автомашина бо роҳи фиреб гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон. Гуфта мешавад, сокини 38-солаи пойтахт, ки аз ӯ ном бурда намешавад, ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Сино муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки як марди 47-сола аз шаҳри Ҳисор 2 автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz ва 1 автомашинаи Toyota Camry-2-и […]

Сокини шаҳри Ҳисор ба азхудкунии 3 автомашина бо роҳи фиреб гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, сокини 38-солаи пойтахт, ки аз ӯ ном бурда намешавад, ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Сино муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки як марди 47-сола аз шаҳри Ҳисор 2 автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz ва 1 автомашинаи Toyota Camry-2-и ӯро гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, нархи ин 3 автомашина 300 ҳазор доллар арзёбӣ шудааст.

“Аз ин маблағ гумонбаршуда ҳамагӣ 20 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст”, – зикр мешавад дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки тафтиши ҳолатҳои ин қазия идома дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ, нисбат ба 3 моҳи соли гузашта дар ҳамин давраи соли ҷорӣ далелҳои қаллобӣ ба андозаи 24,6% кам шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.