Афзоиши назарраси воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон

Ширкатҳои воридкунандаи Тоҷикистон дар доираи тавозуни индикативӣ нимсолаи аввали соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 340 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардаанд. Тавре ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин нишондиҳанда 41% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад. Аз ҷумла, дар ин давра аз Русия ба Тоҷикистон 128 ҳазор тонна […]

Ширкатҳои воридкунандаи Тоҷикистон дар доираи тавозуни индикативӣ нимсолаи аввали соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 340 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардаанд.

Тавре ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин нишондиҳанда 41% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Аз ҷумла, дар ин давра аз Русия ба Тоҷикистон 128 ҳазор тонна бензин, 175 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, ҳудуди 7 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ, зиёда аз 9 ҳазор тонна гази моеъ ва дар ҳаҷми умумии 21 ҳазор тонна инчунин битум, равғанҳои молиданӣ ва кокси нафтӣ интиқол дода шудааст.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли ҳудуди 392 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва беш аз 183 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 2013 Тоҷикистон маводи сӯзишвориро аз Русия бар асоси имтиёз (бидуни пардохти боҷи содиротии гумрукӣ) мегирад.

Мақомоти салоҳиятноки ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, тавозунҳои индикативӣ ба имзо мерасонанд.

Яке аз шартҳои асосии тариқи имтиёз дастрас намудани маҳсулоти нафтӣ аз Русия манъи содироти дубора (реэкспорт)-и он ба кишварҳои сеюм аст.

Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ тариқи имтиёзнок аз Русия барои соли 2022 ба мисли солҳои пешин 830 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, лекин воридоти воқеии он давоми солҳои қаблӣ аз 600 ҳазор тонна зиёдтар набуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.