Хадамоти алоқа нишондиҳандаҳои соли гузаштаро ба дастовардҳои имсола нисбат дод

Бино ба маълумоти пешакӣ, даромади умумии соҳаи алоқаи дар зарфи 6 моҳи соли равон 1 млрд 660 млн 509 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки 12,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад. Зимни нишасти матбуотии имрӯза зикр шуд, ки шумори умумии симкортҳои корбарони алоқаи мобилӣ дар ин давра 7 млн 943 ҳазору 309 ададро […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Бино ба маълумоти пешакӣ, даромади умумии соҳаи алоқаи дар зарфи 6 моҳи соли равон 1 млрд 660 млн 509 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки 12,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Зимни нишасти матбуотии имрӯза зикр шуд, ки шумори умумии симкортҳои корбарони алоқаи мобилӣ дар ин давра 7 млн 943 ҳазору 309 ададро ташкил додааст, ки 5 млн 460 ҳазору 504 ададашон фаъоланд.

То имрӯз 4,2 млн нафар аз  Интернет, аз ҷумла мобилӣ истифода мекунанд. Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки суръати интернет дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

“Давоми 6 моҳ мо суръати интернети вурудиро дар Тоҷикистон аз 70 гиг/с то 100 гиг/с расонидем”, – хабар дод зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев.

Дар ҳамин ҳол, ин нишондиҳандаҳоро ӯ дар нишасти матбуотии аввали соли равон ба сифати дастовардҳои соли 2021 номбар карда буд.

Ба суоли рӯшанкунандаи хабарнигори «Азия-Плюс» Атоев посух дод, ки «он замон онҳо гузаронидани каналҳоро ба кишвар зикр карда, дар зарфи 6 моҳ инфрасохтор нав карда шуд ва кор дар ин самт идома дорад».

Муовини роҳбари Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ ҳамчунин дар бораи бақайдгирии дубораи симкортҳо изҳори назар кард.

“То 30 июни соли 2022 зиёда аз 2,8 млн нафар муштариён симкортҳои худро бо ID-шиносномаҳо дубора ба қайд нагузоштанд, ки 1,4 млн нафарашон корбарони фаъол мебошанд. Инҳо асосан шахсони пиронсол мебошанд, ки намехоҳанд ID-шиносномаи намунаи соли 2014 гиранд. Мо дар навбати худ аз шаҳрвандон даъват мекунем, ки саривақт аз сабти дубора гузаранд, то ки амали симкорташон қатъ нашавад”, – иброз дошт Атоев.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки сабти дубораи симкортҳо барои бақайдгирии IMEI-коди телфеонҳо низ зарур аст, ки дар ҷумҳурӣ шурӯъ шуд.

“Бақайдгирии IMEI-кодҳо аз ҷониби ширкати ватании Net Solutions анҷом дода мешавад.  Дар низоми операторони мобилӣ аллакай таҷҳизоти зарурӣ насб карда шуда, бақайдгирӣ шурӯъ шудааст.  Ҳоло IMEI-и муштариёне, ки аллакай аз сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиноснома гузаштаанд, ба таври худкор сабтином мешавад”, – гуфт муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки ҳама дастгоҳҳои электронӣ, ки бо ёрии SIM-кортҳо ва Интернет кор мекунанд, бояд аз қайди IMEI гузаранд.

Соли 2020 ҳукумат “Дар бораи бақайдгирии воситаҳои алоқаи барқӣ” қарор қабул кард, ки дар доираи он IMEI-кодҳои ҳамаи дастгоҳҳои мобилӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Коршиносони соҳа мегӯянд, сабти IMEI дар навбати аввал, барои кам кардани ҳолатҳои дуздии телефонҳо зарур аст. Ин, ба ақидаи онҳо, шумори чунин ҷиноятҳоро то 70% кам хоҳад кард. Зарурати дуюми сабти сабти IMEI-кодҳо дар он ифода меёбад, то ки бозори қочоқи телефонҳо аз байн бардошта шавад.

Хадамоти алоқа ваъда дода буд, ки сабти IMEI-кодҳо ва хизматрасонии минбаъдаи он комилан бепул сурат мегирад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.