“Бехабарӣ аз маърифати оиладорӣ”. Пошхӯрии наздики 2 ҳазор оила дар Хатлон

Date:

Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод 14 июли соли 2022 хабар дод, ки дар 6 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон ақди никоҳи 1 ҳазору 891 оила бекор карда шудааст.

“Аксари он, яъне 1 ҳазору 591 ақди никоҳ бо ҳалномаи суд бекор шуда, дар 298 ҳолат бо розигии тарафҳо, ки фарзанди умумӣ надоштаанд бекор шудаанд. Ҳамчунин дар асоси аризаи яке аз тарафҳо 14 ақди никоҳ бекор шудааст”, – гуфт Бунафша Раҳимзода.

Ба гуфти ин мақомдор, дар натиҷаи бекор шудани ақди никоҳи оилаҳо 2 ҳазору 212 нафар кӯдакони ноболиғ нимятим мондаанд. Аз ин шумор 2 ҳазору 150 нафари онҳо дар тарбияи модарон монда, 62 нафар дигар дар тарбияи падаронанд.

“Шумори бекоршавии ақди никоҳ дар қиёс ба 6 моҳи соли гузашта 381 ҳолат зиёд шудааст. Аз ҳама бештар бекоршавии ақди никоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 157 ҳолат, Кӯшониён – 167 ҳолат, Абдураҳмони Ҷомӣ – 124 ҳолат ва аз ҳама камтар дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 7 ҳолат, Балҷувон – 12 ҳолат ба қайд гирифта шудааст”, – гуфт Раҳимзода.

Ба гуфтаи ин мансабдор, сабабу омилҳои бекор шудани ақди никоҳ гуногунанд ва яке аз сабабҳои асосӣ надонистани маърифати оиладорӣ аст, ки “баҳри пешгирӣ бояд ба тарбияи маърифати оиладорӣ бештар аҳамият диҳем”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...