“Ҳоло касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст”. Палатаи ҳисоб дар Бонки миллӣ 1,2 млн сомонӣ зарари молӣ ошкор кард

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар пайи як аудит ё санҷиши молӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон 1,2 млн сомонӣ зарари молиро ошкор кардааст. Файзалӣ Аҳмадзода, муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон имрӯз, 14 июл дар дар ҳузури журналистон гуфт, ин маблағ аз ҳисоби молу маводи арзишдор, изофанависиии корҳои таъмирию сохтмонӣ, зарар аз фуруши амволи давлатӣ, талаби воситаҳои пулӣ, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар пайи як аудит ё санҷиши молӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон 1,2 млн сомонӣ зарари молиро ошкор кардааст.

Файзалӣ Аҳмадзода, муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон имрӯз, 14 июл дар дар ҳузури журналистон гуфт, ин маблағ аз ҳисоби молу маводи арзишдор, изофанависиии корҳои таъмирию сохтмонӣ, зарар аз фуруши амволи давлатӣ, талаби воситаҳои пулӣ, маблағи камҳисобгардида ва руйпӯшгардидаи андозҳо муайян шудааст.

Вале дар ҳамин ҳол гуфт, барои  ин гуна камбудҳои молӣ дар Бонки миллӣ ҳоло касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

– Айни ҳол нисбати касе чорае андешида нашудааст, зеро аудит нав ба анҷом расид. Ҳафтаҳои наздик ин ниҳод хулосаҳои худро ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард ва масъалаи муҷозот низ ба миён гузошта мешавад, – гуфтанд роҳбарияти ин ниҳод.

Ин бори аввал нест, ки Палатаи ҳисоб дар натиҷаи санҷиши молӣ ё аудит дар фаъолияти Бонки миллӣ зарари молиро ошкор мекунад. Соли 2015 низ Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар фаъолияти ин ниҳод камбудиҳоро ошкор намуда, алайҳи 6 корманди собиқи Бонки миллӣ санад тартиб дода, ба Додситонии кулл фиристода буд.

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар маҷмӯъ, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 89 чорабинии аудиторӣ гузаронида, ба маблағи 158,8 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардааст. Аз ҷумла, дар натиҷаи гузаронидани аудити молӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ беш аз 150 миллион сомонӣ камбуди молиро ошкор намудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 75,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.