Ҳаво дар Тоҷикистон боз то +47 дараҷа гарм мешавад

Интизор меравад, рӯзҳои наздик, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар бархе аз манотиқи кишвар то +47 дараҷа боло равад. Дар ин бора Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар асоси пешгӯии ин ниҳод, рӯзҳои 18-20 июл хориҷ кардани ҳавои гарм ба қаламрави Тоҷикистон бештар шуда, дар натиҷа ҳарорати рӯзона дар ноҳияҳо ва водиҳо 39—44 дараҷа ва дар навоиҳои […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Интизор меравад, рӯзҳои наздик, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар бархе аз манотиқи кишвар то +47 дараҷа боло равад. Дар ин бора Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар асоси пешгӯии ин ниҳод, рӯзҳои 18-20 июл хориҷ кардани ҳавои гарм ба қаламрави Тоҷикистон бештар шуда, дар натиҷа ҳарорати рӯзона дар ноҳияҳо ва водиҳо 39—44 дараҷа ва дар навоиҳои гирду атрофи ҷануб (тақрибан 10 ноҳияи вилояти Хатлон, аз чумла Шаҳритус, Панҷ, Фархор ва ғайра) ҳаво то 45—47 дараҷа гарм мешавад.

– Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорат низ то +35+40 дараҷа гарм шуда, дар ҳамин ҳал аз 15 то 18 июл дар ноҳияҳои баландкуҳи кишвар, ба ғайр аз ноҳиҳои шаркии ВМКБ  омадани сели пирях имконпазир аст,- иттилоъ медиҳад КҲФ.

Тавсияҳои муфид барои ҳифзи саломатӣ аз гармӣ

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки бар асари обшавии барф болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар назар аст ва аз ин рӯ, аҳолиро мебояд, ки тавсияҳои зеринро риоя намоянд:

– бе эхтиёҷоти махсус шаҳравандон аз соати 11 то 17 ба кӯча набарояд. Агар ба шумо ба ҳар ҳол лозим аст, ки берун равед, пас беҳтар аст, ки либосҳои барҳавои равшани аз матоъҳои табиӣ духташуда, кулоҳҳои сабук пӯшед ва албатта бо худ оби бегаз гиред. Дар кӯча беҳтар аст, ки дар соя бимонед ва давра ба давра ба мағозаҳо ё ҳуҷраҳои кондитсионердор ворид шавед;

– барои муҳофизат аз беобмонии бадан (обезвоживания) шумо бояд дар як рӯз ҳадди аққал 2-3 литр моеъ бинӯшед;

– нӯшидани машрубот, аз ҷумла пиво, инчунин нӯшокиҳои гуногуни газдори ширин тавсия дода намешавад, ки онҳо на танҳо ташнагиро мешиканад, балки равандҳои мубодилаи моддаҳоро дар организм суст мекунанд;

– хӯроки сабук истеъмол кардан лозим аст: сабзавот, меваҳо, моҳии судак ва мурғ, шӯрбоҳои хунук ва окрошка. Тавсия дода мешавад, ки аз хӯрокҳои равғанин, бирён ва ширин паҳрез кунед;

– дар ҳуҷрае, ки кондитсионер дорад, тавсия дода намешавад, ки ҳарорати ҳаво аз +22+23 дараҷа паст карда шавад;

– дар гармӣ бояд ба кӯдакон диққати махсус дода шавад. Ҷисми кӯдак ба ҳарорати баланд ҳассостар аст.

– махсусан, ҳангоми истироҳат ва оббозй эҳтиёткор будан, дар назди дарьёҳо, каналҳо, ҳавзҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя кардан лозим аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.