Дар минтақаи Кӯлоб 2 милиса бо гумони ришваситонӣ боздошт шудаанд

 Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ду милиса дар минтақаи Кӯлоб бо гумони гирифтани пора дастгир ва нисбати онҳо парванда боз шудааст. Дар ин бора Қудбиддин Достизода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Номбурда афзуд, парвандаи айбдорӣ аз ҷониби прокуратураи минтақаи Кӯлоб боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст. […]

Билол Шамс, махсус барои asia+

 Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ду милиса дар минтақаи Кӯлоб бо гумони гирифтани пора дастгир ва нисбати онҳо парванда боз шудааст. Дар ин бора Қудбиддин Достизода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда афзуд, парвандаи айбдорӣ аз ҷониби прокуратураи минтақаи Кӯлоб боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Ӯ аз боздоштшудаҳо, Д. Шарифзода, муовини сардори ШВКД ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Фарҳоди А., ваколатдори фаврии шўъбаи кофтуковии ШВКД дар ноҳияи Мўъминобод ном бурд, ки ҳарду аз ҷониби Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Хатлон дастгир шудаанд.

"Нисбати Шарифзода бо  моддаи 319 қисми 1 ва Фарҳоди А. бо моддаи 314  қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Онҳо ба гирифтани пора айбдор мешаванд. Ҳоло  парванда ба додгоҳ ирсол шудааст ва дар марҳалаи баррасӣ аст", -гуфт Достизода.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.