USAID ва Фонди Оғохон дастрасӣ ба оби нӯшокӣ дар ноҳияи Қубодиён тавсеа доданд

Ҳукумати Амрико шабакаи нави оби нӯшокӣ ва ҳоҷатхонаи мактабро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба таври расмӣ ифтитоҳ кард. Ин зерсохтори нав тавассути “Шукуфоии Тоҷикистон” лоиҳаи муштараки байни Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Фонди Оғохон амалӣ шудаст. Ҳукумати Амрико аз соли 1997 то имрӯз бо ҳадафи таъмин кардани оби нӯшокии бехатар ба бештар аз 235 000 нафар […]

Варакаи матбуоти

Ҳукумати Амрико шабакаи нави оби нӯшокӣ ва ҳоҷатхонаи мактабро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба таври расмӣ ифтитоҳ кард. Ин зерсохтори нав тавассути “Шукуфоии Тоҷикистон” лоиҳаи муштараки байни Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Фонди Оғохон амалӣ шудаст.
Ҳукумати Амрико аз соли 1997 то имрӯз бо ҳадафи таъмин кардани оби нӯшокии бехатар ба бештар аз 235 000 нафар 20 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Тавассути лоиҳаи “Шукуфоии Тоҷикистон” то имрӯз панҷ шабакаи оби нӯшокӣ ва панҷ ҳоҷатхонаи мактаб дар ноҳияҳои Қубодиён, Ҳамадонӣ, Панҷ, Фархор ва Роштқалъа бо роҳбарии Оҷонсии Оғохон оид ба Макони Зист (AKAH) сохта шудаанд, ки дастрасии 12 671 нафарро ба оби ошомидании тоза ва хизматрасонии беҳдоштиро барои 3469 нафар беҳбуд бахшидаанд. Дар маҷмӯъ тавассути ин барнома 15 шабакаи оби нӯшокӣ барои 41 000 нафар ва 15 ҳоҷатхонаи мактаб барои 4500 хонанда ва муаллим сохта хоҳанд шуд.
Тавассути талоши муштараки Фонди Оғохон, AKAH ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), ҳукумати маҳаллӣ ва сокинон шабакаи нави оби нӯшокӣ 586 хонавода ё 4115 нафар дар деҳаи Навободро бо оби тоза таъмин мекунад. Инчунин иншооти муосири санитарӣ бо ҷойҳои алоҳида барои мардон ва духтарон сохта шудааст. Ҳоҷатхонаи мактаб барои беш аз 1000 нафар мактаббачагон ва омӯзгорон шароити муносиби беҳдоштӣ фароҳам меорад.
Раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи иншооти беҳдоштӣ таъкид кард, ки дастрасӣ ба оби тоза ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сокинон таъсири мусбат дорад. Ӯ зимни изҳори ташаккур аз маблағгузорон ва ишора ба пойдор нигоҳ доштани шабакаи оби нӯшокӣ афзуд: “Сокинон ва дигар истеъмолкунадагони обро зарур аст, ки дар истифодаи оби ошомиданӣ сарфакорӣ намуда, истифодаи давомнок ва самараноки онро таъмин намоянд”.
Бо ҳадафи таъмини устувории шабакаи оби нӯшокӣ USAID ва Фонди Оғохон чорабиниҳои муҳокимаи аҳамияти пардохти хаққи истифодаи об ва ҳавасманд кардани таҷрибаи беҳтари санитарӣ ва беҳдоштӣ роҳандозӣ карданд. Барои таъмини нигоҳдории шабакаи оби нӯшокӣ хоҷагиҳо ва идораҳои хусусӣ ва давлатӣ барои пардохти ҳаққи андаки истифодаи об розӣ ҳастанд. Инчунин Фонди Оғохон бо Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзиливу комуналӣ” ҳамкории зич ба роҳ андохт, то зарфияти кормандонро барои нигоҳдории шабакаи об баланд бардорад.
Роҳбари Агентии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Питер Райли бо ишора ба аҳамияти ин лоиҳа гуфт: “Овардани оби тоза ва бехатар ба ҳар як хонаводаи деҳаи Навобод саломатии мардумро ба таври муассир беҳбуд хоҳад бахшид. Бидуни дастгирии ҳукумати маҳаллӣ, сокинон ва кумаки маблағгузорон амалӣ кардани ин лоиҳа имконнопазир мебуд. Мо умедворем, ки сокинон истифодаи дуруст, фаъолият ва нигоҳдории ин иншоотро итминон медиҳанд, то он барои наслҳои оянда низ хизмат бирасонад.” USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Аз соли 1993 дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон барои тақвияти идоракунии муассир, рушди иқтисодӣ, беҳбуди омӯзиш, тандурустӣ, амнияти ғизо ва вусъати робитаи иқтисодии минтақавӣ фаъолият мекунад.  
Фонди Оғохон дар ҳамкорӣ бо ҷомеаҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ, тиҷоратӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва роҳбарони маҳаллӣ бо ҳадафи сармоягузории дарозмуддат, роҳандозии муассисаҳои доимӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандии фаъол кор мекунад. Фаъолияти мо рӯи беҳбуди сифати зиндагӣ ва коҳиши сатҳи фақр тамаркуз мешавад. Дар тӯли 50 сол Фонди Оғохон барои манофеи муштараки ҳамаи шаҳрвандон, умдатан дар Осиё ва Африқо, сарфи
назар аз ҷинс, нажод ва дин кор кардааст. Фонди Оғохон дар зери чатри Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN) фаъолият мекунад, ки яке аз шабакаҳои пештози ҷаҳон дар заминаи пайдо кардани роҳҳал барои фақр буда, аз ҷониби Аълоҳазрат Оғохон таъсис шудааст. AKDN солона барои беҳбуди сифати зиндагии даҳҳо миллион нафар дар 30 кишвар кумак мекунад. Рӯйкарди маҷмӯъӣ ва бисёрсамтаи AKDN ба рушд дорои таҷрибаи даҳсолаҳо дар заминаи ёдгирӣ ва арзёбӣ мебошад.  
Агентии Оғохон оид ба макони зист (AKAH) бо истифода аз зарфият ва тавоноиҳои Фокус – Кумаки башардӯстона, Хадамоти банақшагирӣ ва сохтмони Оғохон ва Ташаббуси идоракунии хавфи офатҳои таббии AKDN бар офатҳои табиии ногаҳонӣ ва тадриҷӣ тамаркуз мешавад. AKAH бо ҳадафи зиндагии бехатари мардуми камбизоат аз таъсири офатҳои табиӣ дар макони зисташон фаъолият мекунад; нафароне, ки дар минтақаҳои пурхатар зиндагӣ мекунанд, аз назари омодагӣ ва посухдиҳӣ қодир бошанд, ва ин маконҳо ба хадамотҳои иҷтимоӣ ва молиявӣ дастрасӣ дошта бошанд, ки боиси имкониятҳои бештар ва сифати зиндагии беҳтар мешавад. Кишварҳои Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон дар авлавияти кории AKAH қарор доранд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.