Дар Ховалинг ба Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна захира кардани ғизоро нишон доданд

Date:

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон рӯзи 16 июл президенти Тоҷикистон бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов» шинос шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, кооператив дар деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, соли 1993 таъсис ёфтааст ва дорои 22 гектар замин мебошад.

Ба сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар хоҷагӣ 1 гектар ғаллаи баҳорӣ, 1 гектар ҷав, 1 гектар пиёз, 1 гектар помидор, 1 гектар картошка, 3 гектар боғ ва дар 4 гектар юнучқа барои хӯроки чорво ва тухмӣ кишт карда шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин ҷо президенти мамлакат аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони ноҳияи Ховалинг боздид кард.

Дар намоишгоҳ кишоварзону сокинони ноҳия маҳсули дастранҷи худ, аз ҷумла ғалладона, сабзавоту полезӣ, меваҷот дар шакли тару тоза ва маҳсулоти консервашуда, инчунин гулу гиёҳҳои шифобахш ва асали табиии ин мавзеи кӯҳистони кишварро ба маъраз гузоштанд.

Дар идома сарвари давлат аз ҷараёни корҳои агротехникӣ ва парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии "Маҳмадӣ" боздид намуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Зикр шуд, ки ин хоҷагӣ соли 2017 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 5,8 гектар замин, аз ҷумла 1,8 гектар замини обӣ ва 4 нафар саҳмдор дорад.

Самти асосии фаъолияти хоҷагидорон сабзавоткорӣ буда, дар заминҳои хоҷагӣ аксар намуди зироати кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, картошакаю пиёз, карам, лаблабу, каду, лубиё, ҷуворимакка барои дон, ҷорӯб ва дигар маҳсулот ба назар мерасад.

Парвариши сабзавот ва дигар маҳсулоти хоҷагӣ асосан, барои таъмини эҳтиёҷоти хонаводагӣ ва захира барои ду соли оянда пешбинӣ карда мешавад.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии «Фарангис»-и деҳоти Ҷомбахт ташриф овард. Хоҷагӣ соли 2004 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 2 гектар замин дорад ва ба кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезӣ ва лубиёиҳо машғул мебошанд.

Дар хоҷагӣ аз ҳосили бадастомада дар баробари таъмини эҳтиёҷоти хонавода, барои ду соли минбаъда низ ба миқдори зарурӣ донагиҳо ва дигар навъи маҳсулоти корсервашуда захира менамоянд.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Пешвои миллат зимни шиносоӣ аз нашъунамо ва ҳосилбандии зироати кишоварзӣ ҳам дар кишти асосӣ ва ҳам такрорӣ аз таҷрибаи заминдории кишоварзони ноҳияи Ховалинг изҳори қаноатмандӣ намуда, самараи меҳнати аҳлонаи онҳоро намуна арзёбӣ карданд.

Ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Сафедшаҳраки деҳоти Лоҳутӣ ташриф оварда, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро ифтитоҳ намуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Гуфта мешавад, муассисаи нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 17 синфхонаи таълимӣ мебошад, ки барои 680 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Қаблан дар доираи ин сафари корӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз дигар хоҷагиҳои ноҳия низ боздид намуд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...