Ҳалокати 360 нафар дар Испания аз оқибатҳои ҳавои хеле гарм

Аз оқибатҳои обуҳавои хеле гарм, ки дар қисмати зиёди қаламрави Испания ҳукфармо гашт, тайи шаш рӯзи ахир зиёда аз 350 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора Интерфакс бо истинод ба шабакаи телевизиону радиои РТVЕ ва маълумоти Пажуҳишгоҳи тандурустии ҷамъиятӣ хабар медиҳад. “Мувофиқи маълумоти омории аз 10 то 15 июл ҷамъоваришуда, бар асари обуҳавои ниҳоят гарм, […]

Аз оқибатҳои обуҳавои хеле гарм, ки дар қисмати зиёди қаламрави Испания ҳукфармо гашт, тайи шаш рӯзи ахир зиёда аз 350 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора Интерфакс бо истинод ба шабакаи телевизиону радиои РТVЕ ва маълумоти Пажуҳишгоҳи тандурустии ҷамъиятӣ хабар медиҳад.

“Мувофиқи маълумоти омории аз 10 то 15 июл ҷамъоваришуда, бар асари обуҳавои ниҳоят гарм, ки тайи ҳафтаи ахир дар Испания ҳукмфармо аст, 360 нафар ҳалок шуда, авҷи марги одамон – 123 нафар – ба рӯзи ҷумъаи ҳафтаи рост омад”, – хабар додааст рӯзи шанбе РТVЕ.

Хадамоти метеорологии Испания хабар дод, ки рӯзи 16 июл  ҳарорат дар бархе аз минтақаҳои Испания баъзан то ба 45 дараҷа расидааст. Мақомот ҳадди ниҳоии хавфу хатар аз обуҳаворо рӯзи шанбе дар маҳалҳои Кантабрия, Наварра, Риоха, инчунин шаҳрҳои Бадахос ва Сарагоса эълон карда буданд.

Ширкати радио ва телевизион хотиррасон намудааст, ки ин ҳолати кунунӣ мавҷи дуюми гармӣ дар Испания аст. Дар мавҷи аввалаи моҳи июн, ки ҳашт рӯз давом кард, 829 нафар қурбони он шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.