Дар Теҳрон миёни сарони кишварҳои Русия, Эрон ва Туркия чӣ тавофуқҳое ҳосил шуданд?

Чанде пеш дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон нишасти сарони кишварҳои зомини “раванди Остона” баргузор шуд. Дар ин ҷо гуфтушуниди президенти Русия Владимир Путин, Эрон – Иброҳим Раисӣ ва Туркия – Раҷаб Тайиб Эрдуғон доир гардид, ки нахустин нишаст бо чунин шакли ҳузури бевосита пас аз пандемияи коронавирус аст. “Сегонаи Остона” – гуруҳи иборат аз […]

Asia-Plus

Чанде пеш дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон нишасти сарони кишварҳои зомини “раванди Остона” баргузор шуд. Дар ин ҷо гуфтушуниди президенти Русия Владимир Путин, Эрон – Иброҳим Раисӣ ва Туркия – Раҷаб Тайиб Эрдуғон доир гардид, ки нахустин нишаст бо чунин шакли ҳузури бевосита пас аз пандемияи коронавирус аст.

“Сегонаи Остона” – гуруҳи иборат аз кишварҳои Русия, Туркия ва Эрон мебошад, ки моҳи январи соли 2017 пас аз гуфтушунид дар Остона таъсис дода шуд. Ҳадафи он танзими низои ҳарбӣ дар Сурия унвон шудааст. Кишварҳои узв мунтазам нишастҳо баргузор намуда, дар мавриди ба эътидол овардани вазъ қарорҳо қабул мекунанд.

Дар изҳороти муштарак дар пайи ин нишаст гуфта мешавад, ки Русия, Эрон ва Туркия ҳама гуна таҳримҳои якҷониба алайҳи Димишқро рад мекунанд, хабар медиҳад РБК.

Тарафҳо ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ягонагӣ ва тамомияти арзии кишвар ҷонибдории худро изҳор мекунанд. Гуфта мешавад, низоъи Сурия роҳи ҳалли низомӣ надорад, онро "танҳо дар ҷараёни як раванди сиёсӣ, ки худи суриягиҳо бо кумаки СММ тибқи банди 2254 Шӯрои амнияти СММ роҳбарӣ ва анҷом медиҳанд, ҳал кардан мумкин аст".

Дар ҳамин ҳол, сарони кишварҳо ба маҳви террористон дар қаламрави Сурия идома хоҳанд дод.

Ҳамлаҳои низомии Исроил ба иншооти мулкӣ (ғайринизомӣ) дар Сурияро ҷонибҳо дар алоҳидагӣ маҳкум карданд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин хилофи қонунҳои байналмилалӣ ва тамомияти арзии Сурия буда, ба шиддати вазъият дар минтақа тақвият мебахшад.

“Дар илова ба масъалаи Сурия, тарафҳо нияти таҳкими ҳамкории сеҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баҳри мусоидат ба ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ тасдиқ намуданд”, – зикр мешавад дар изҳорот.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.