Вазорат: Барномаи таъмини мактабҳо бо озмоишгоҳу кабинетҳои фаннӣ ҳамагӣ 24,3% иҷро шудааст

Дар зарфи 6 моҳи соли равон «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ҳамагӣ ба андозаи 24,3% иҷро шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд. Барнома аз ҳама беҳтар дар шаҳри Душанбе – 96,4% ба иҷро расида, ин нишондиҳанда дар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли равон «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ҳамагӣ ба андозаи 24,3% иҷро шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.

Барнома аз ҳама беҳтар дар шаҳри Душанбе – 96,4% ба иҷро расида, ин нишондиҳанда дар вилоятҳои Суғд – 32%, Хатлон – 19,9% ва Ноҳияҳои тобеи марказ – 12,2%-ро ташкил медиҳад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи татбиқи барнома тамоман амалӣ нашудааст.

Барнома моҳи апрели соли 2021 қабул шуда, барои татбиқи он дар муддати 5 сол ҷудо гардидани 124 млн 635 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ мешавад.

Соли 2021 барои харидории 68 озмоишгоҳи илмӣ ва 2 ҳазору 236 кабинетҳои фаннӣ 3 млн 400 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд.

Тавре ки дар Вазорат зикр карданд, соли гузашта нақшаи иҷрои барнома ҳамагӣ 20%-ро ташкил дод.

Иҷро нашудани барномаро дар ин ниҳод чунин маънидод мекунанд, ки мақомоти маҳаллии ҳокимият барои иҷро нақша маблағи зарурӣ ҷудо накарда, дар суратҳисоби муассисаҳои тахлимӣ бошад, маблағ нест.

Зикр шуд, ки муҷаҳҳазсозии кабинети физика ва кимиё ба ҳисоби миёна ба 15 ҳазор сомонӣ, озмоишгоҳи таълимӣ аз фанни биология – ба 25 ҳазор сомонӣ, як синф – кабинет ва кабинетҳои фанҳои дигар  – ба 10 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.