Боз 2 ноболиғ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуданд

Шабонарӯзи гузашта ҷасади ду ноболиғ аз дарёи Кофарниҳон берун оварда шуданд. Тавре ки Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 19 июл сокини 14-солаи деҳаи Ориёни ҷамоати Шарафободи шаҳри Ҳисор ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Гуруҳи имдодгарон бегоҳӣ ҷасади писарро дар 10 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт намуда, ба хешовнадонаш супурданд. Ҳодисаи […]

Шабонарӯзи гузашта ҷасади ду ноболиғ аз дарёи Кофарниҳон берун оварда шуданд.

Тавре ки Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 19 июл сокини 14-солаи деҳаи Ориёни ҷамоати Шарафободи шаҳри Ҳисор ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст.

Гуруҳи имдодгарон бегоҳӣ ҷасади писарро дар 10 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт намуда, ба хешовнадонаш супурданд.

Ҳодисаи дигар дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.

“Шоми рӯзи 7 июл сокини 12-солаи деҳаи Истиқлол-1-и ноҳияи Рӯдакӣ низ ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ мешавад, – гуфтанд дар Кумита. – Танҳо чанде пеш, рӯзи 19 июл ҷасади ӯ дарёфтва ба хешовандонаш супурда шуд”.

Бино ба маълумоти Кумита, дар зарфи 7 моҳи соли равон дар кӯлу дарё ва наҳру дигар обанборҳои кишвар 107 нафар ғарқ шудаанд, ки 55 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони синни то 16-сола мебошанд. Ба кормандони Кумита муяссар шудааст, ки 24 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.