Дар Тоҷикистон беш аз 94%-и аҳолӣ бар зиди “COVID-19” ваксина гирифтанд

Дар Тоҷикистон 5 млн 30 ҳазор нафар ё беш аз 94 дарсади аҳолӣ бар зидди бемории COVID-19 ваксина зада шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» рӯзи 19 июл аз Вазорати тандурустӣ хабар доданд ва гуфтанд, ки то ин давра воя (доза)-и дуюми ваксинаро 5 млн 17 ҳазор нафар ё беш аз 92 дарсади аҳолӣ гирифтаанд. […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон 5 млн 30 ҳазор нафар ё беш аз 94 дарсади аҳолӣ бар зидди бемории COVID-19 ваксина зада шуданд.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» рӯзи 19 июл аз Вазорати тандурустӣ хабар доданд ва гуфтанд, ки то ин давра воя (доза)-и дуюми ваксинаро 5 млн 17 ҳазор нафар ё беш аз 92 дарсади аҳолӣ гирифтаанд.

– Ҳамзамон вояи сеюми ваксинаро 4 млн 4 ҳазор нафар ё 70 дарсади аҳолӣ қабул карданд. Дар ҳолати пайдо гардидани зарурат, захираҳои ваксина шумурда шуда, шаҳрвандон бо  вояи чоруми ваксина низ фаро гирифта мешавад, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Бояд гуфт, ки ба Тоҷикистон то имрӯз 15 млн 157 ҳазор воя ваксинаи зидди бемории коронавирус ворид шудааст.

Аз вазорати тандурустӣ, инчунин гуфтанд, ки гарчанде дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале дар робита ба он ки дар кишварҳои ҳамсоя хуруҷи дубораи он авҷ гирифтааст, сокиноне, ки бар зидди бемории коронавирус ваксина нагирфтаанд, ба муассисаҳои тиббии ҷойи зисти худ барои ваксиназанӣ муроҷиат намоянд.

Қаблан, дар вазорат гуфта буданд, ки дар робита ба афзоиши ҳолатҳои сироят аз коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, санҷишҳоро дар ин самт дар сарҳад ва фурудгоҳҳо пурзӯр мекунанд. Мусофироне, ки тариқи роҳи ҳавоӣ ё заминӣ сафар мекунанд, бояд бо худ гувоҳнома (сертификат)-и ваксина зидди коронавирусро дошта бошанд.

“Ғайр аз ин, ҳарорат санҷида мешавад ва агар он баланд бошад, тести коронавирус гирифта шуда, танҳо пас аз маълум шудани натиҷаи тест чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Маълумоти шахс ба дармонгоҳи маҳалли зист фиристода шуда, ӯ зери муоинаи табибон қарор мегирад. Меҳмонони кишвар – ба дармонгоҳи макони иқомат (хонаи иҷора, меҳмонхона) фиристода мешаванд”, – гуфтанд дар ин ниҳод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.