Раиси собиқи ноҳияи Шаҳритус ба тақсими ғайриқонунии замин гумонбар мешавад

Рамазон Оймаҳмадзода, собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус 2 гектар замини як корхонаи саноатиро ғайриқонунӣ ба аҳолӣ тақсим намудааст. Дар ин бора рӯзи 20 июл зимни нишасти матбуотӣ Рустам Сангинзода, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории замини Додситонии вилояти Хатлон хабар дод. Сангинзода мушаххас нагуфт, ки нисбати собиқ раиси ин ноҳия барои ин кирдор парванда боз шудааст ё […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Рамазон Оймаҳмадзода, собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус 2 гектар замини як корхонаи саноатиро ғайриқонунӣ ба аҳолӣ тақсим намудааст. Дар ин бора рӯзи 20 июл зимни нишасти матбуотӣ Рустам Сангинзода, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории замини Додситонии вилояти Хатлон хабар дод.

Сангинзода мушаххас нагуфт, ки нисбати собиқ раиси ин ноҳия барои ин кирдор парванда боз шудааст ё не. Танҳо афзуд, ки "вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба шахсони мансабдор парванда оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.

Ин масъули додситонии вилоят гуфт, ки нисбати қарорҳои раиси собиқи ноҳия вобаста ба ин замин эътирози додситонӣ оварда шуд.

“Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки қонунгузории замин аз тарафи як қатор шахсони масъул ва шахсони алоҳида дағалона вайрон карда шудааст. Аз рӯи маълумоте, ки мо дар даст дорем зиёда аз 2 га замини як корхонаи саноатӣ аз ҷониби собиқ раиси ноҳия ва дигар шарикони ӯ ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон тақсим карда дода шудааст”,- гуфт Рустам Сангинзода.

Дар нишаст, ҳамчунин зикр гардид, ки дар 6 моҳи соли равон нисбати 208 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон эътирози додситонӣ оварда шуд, ки аз ин 43,2 дарсади он ба раисони амалкунанда рабт дошта,  89,4 дарсади ин қарорҳо ба масъалаи замин вобастагӣ доранд.

Ҳамчунин, вобаста ба қонунгузории замин, аз ҷумла ғайриқонунӣ тақсим кардан ва худсарона забт кардани замин 190 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, майдони 3 ҳазору 287 га замин ба ҳолати аввала баргардонда шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.