Эмомалӣ Раҳмон бадшавии вазъиятро дар Афғонистон пешгӯӣ кард

Вазъият дар Афғонистон тамоили минбаъд бадшавиро дорад. Тибқи пешгӯиҳои мо, боз ҳам бадтар мешавад, изҳор дошт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 21 июл дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Отаи Қирғизистон. Ба ақидаи ӯ, рӯйдодҳои айни замон дар Афғонистон ҷараёндошта метавонанд натанҳо ба Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонанд. Онҳо метавонанд ба тағйироти геополикии […]

АКИpress

Вазъият дар Афғонистон тамоили минбаъд бадшавиро дорад. Тибқи пешгӯиҳои мо, боз ҳам бадтар мешавад, изҳор дошт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 21 июл дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Отаи Қирғизистон.

Ба ақидаи ӯ, рӯйдодҳои айни замон дар Афғонистон ҷараёндошта метавонанд натанҳо ба Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонанд. Онҳо метавонанд ба тағйироти геополикии тавозун ва неру дар тамоми минтақаи авруосиёӣ боис гарданд, хабар медиҳад АКИpress.

“Раҳбарияти “Толибон” тайи муддати гузашта барои мутақоид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аҳолии Афғонистон ба қонунӣ будани ҳукумати худ, тавоноии назорат болои вазъият дар кишвар ва таъмини амнияти шаҳрвандон, инчунин ҳаллу фасли мушкилоти бамиёномадаи иҷтимоиву иқтисодӣ чорае наандешидааст.

Баръакс, бар хилофи ваъдаҳо, Толибон бо ҳар роҳ ба таъсиси ҳукумат бо иштироки васеи тамоми нерӯҳои сиёсӣ ва этникӣ монеъ мешаванд”, – гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон бар ин назар аст, ки маъмурияти харакати Толибон дар шакли ҳозирааш аз ухдаи ҳалли масоили идоракунии мамлакат намебарояд. "Дар ҳамин ҳол, Толибон сиёсати таҷовузкоронаи табъиз алайҳи гурӯҳҳои мухталифи этникӣ ва муҳофизакорӣ (консерватизм)-и шадиди мазҳабиро роҳандозӣ кардаанд", – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Баъди ин пахши мустақим қатъ шуд. Намоиш баъди чанде барқарор шуда, суханронии президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳамедов оғоз гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.