Эмомалӣ Раҳмон ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон рафт

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон рафт. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазирони корҳои хориҷӣ, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон нишасти чаҳоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон рафт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазирони корҳои хориҷӣ, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон нишасти чаҳоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз мекунад.

Зимнан, дафтари матбуотии президенти Қирғизистон хабар медиҳад, ки “роҳбарони кишварҳо оид ба таҳкими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рӯбарӯи чолишҳо ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ табодули афкор намуда, дурнамои густариши ҳамкорӣ ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои минтақаро баррасӣ мекунанд”.

Гуфта мешавад, инчунин, масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарии давлатҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, сарони кишварҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Қазоқистон – Қосим-Ҷомарт Тоқаев чанде пештар ба Қирғизистон ташриф оварда буданд.

Раҳбарони се кишвар дар фазои ғайрирасмӣ сӯҳбат карда, бо қаиқ (теплоход) дар Иссиқкӯл сайругашт карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.