Шумори аҳолии Тоҷикистон ба 10 млн нафар расид

Писарбачае, ки нисфирӯзии 23 июл дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад, шаҳрванди 10 миллионуми Тоҷикистон шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Волидони ин писарбача, ки писарбачаро Фирдавс ном ниҳоданд, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова мебошанд. Падари тифли навзод муҳоҷири корӣ ва модараш хонашин аст. Фирдавс нахустзодаи ин оилаи […]

Asia-Plus

Писарбачае, ки нисфирӯзии 23 июл дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад, шаҳрванди 10 миллионуми Тоҷикистон шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Волидони ин писарбача, ки писарбачаро Фирдавс ном ниҳоданд, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова мебошанд.

Падари тифли навзод муҳоҷири корӣ ва модараш хонашин аст. Фирдавс нахустзодаи ин оилаи ҷавон аст. Вазни писарбачаи навзод 3 килою 250 грамм ва қадаш 50 сантиметр аст.

Калиди хонаи сеҳуҷрагӣ ба оилаи сокини 10 млн-умро аз номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва дигарон супурданд.

Байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши шумори аҳолӣ пешсаф аст. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, давоми 30 сол шумори аҳолии кишвар 76,6% зиёд шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.