Вазири молияи ҶТ мӯътақид аст, ки танҳо дастаҷамъона метавон аз бӯҳрони молӣ раҳоӣ ёфт

            Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни дидору гуфтугӯи вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо директори Раёсати федеролии молиявии Дафтари Швейтсария Петер Зигенталер ва роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Рудолф Шох масоили таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.             Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорати молия […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни дидору гуфтугӯи вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо директори Раёсати федеролии молиявии Дафтари Швейтсария Петер Зигенталер ва роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Рудолф Шох масоили таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





           

Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорати молия ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷонибҳо оид ба вазъи мавҷуда ва чораҳои пешгирифта ҷиҳати раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ ибрози ақида намуданд.

 





           

Бино ба иттилои манбаъ, С.Наҷмиддинов бо итминони комил изҳор дошт, ки танҳо дастаҷамъона ва бо кӯмаки ҳамдигар метавон аз бӯҳрони молӣ раҳоӣ ёфт. «Ман боварӣ дорам, ки бо мавриди амал қарор додани барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ ва ба инобат гирифтани пешниҳоду тавсияҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ аз таҷрибаи андӯхтаашон дар кишварҳои дигар мо аз бӯҳрони молӣ муваффақона раҳоӣ хоҳем ёфт», – афзуд С.Наҷмиддинов.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.