Вазири корҳои хориҷии Чин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафар бо даъвати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сурат мегирад, хабар медиҳад Синьхуа. Гуфта мешавад, инчунин боздиди Ван И аз кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар назар аст. Дар Ӯзбекистон ӯ рӯзҳои 28-29 июл дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафар бо даъвати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сурат мегирад, хабар медиҳад Синьхуа.

Гуфта мешавад, инчунин боздиди Ван И аз кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар назар аст.

Дар Ӯзбекистон ӯ рӯзҳои 28-29 июл дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай иштирок мекунад.

Сафарҳои Ван И ба ин кишварҳо низ бо даъвати иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов ва вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев анҷом мепазирад.

Аз ҷузъиёти сафари вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ба се кишвари Осиёи Марказӣ маълумот дода нашудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.