Иттиҳоди Аврупо иқтидории касбии тими Тоҷикистон дар бахши обро баланд мебардорад

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER сафари омӯзишии намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи захираҳои оби водии Зарафшонро ба шаҳри Ҳеннефи Олмон баргузор намуд. Барномаи сафари омӯзишӣ аз тренингҳо, омӯзиши мисолҳои воқеъи ва сафари шиносоӣ иборат буд. Омӯзиш аз ҷониби Ассотсиатсияи Олмон оид ба об, обҳои партов ва партовҳо (DWA) дар шаҳри Ҳеннефи […]

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER сафари омӯзишии намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи захираҳои оби водии Зарафшонро ба шаҳри Ҳеннефи Олмон баргузор намуд. Барномаи сафари омӯзишӣ аз тренингҳо, омӯзиши мисолҳои воқеъи ва сафари шиносоӣ иборат буд.

Омӯзиш аз ҷониби Ассотсиатсияи Олмон оид ба об, обҳои партов ва партовҳо (DWA) дар шаҳри Ҳеннефи Олмон гузаронида шуд. Тренинг дар мавзӯи “Бахши оби Олмон” ба намояндагони вазоратҳо имкон дод, ки таҷрибаи ҳамкасбони олмониро бо таваҷҷӯҳ ба идоракунии ҳавзаи дарёҳо омӯзанд.

Ба ғайр аз омӯзиши мазкур, се боздид ба иттиҳодияи об, танзимкунанда ва оператор ташкил карда шуд: 1) Ассотсиатсияи минтақавии идоракунии ҳавзаи “Эрфтвербанд” www.dwa.de; 2) чоҳи кушоди истихроҷи Ҳамбах www.dwa.de  ва 3) Обанбори оби нӯшокии Ваҳнбах.

Иштирокчиён таҷрибаҳои беҳтарини сохтори бахши оби Олмон, танзими маъмурӣ, принсипҳои асосии идоракунии ҳавзаи дарёҳо ва дидгоҳҳои дарёҳои ҷориро омӯхтанд.

Бо дарназардошти вазъи боришоти зиёди борон ва оқибатҳои фалокатбори он дар Тоҷикистон дар натиҷаи обхезӣ, ярч ва сел дар соли ҷорӣ, барномаи сафари омӯзишӣ инчунин самтҳои зеринро дар бар гирифт:

– банақшагирии фазоии ҷораҳои ҳифзи об;

– идоракунии хавфи обхезӣ тибқи дастурҳои аврупоӣ;

– идоракунии оби борон дар шаҳрҳо;

– заминаи ҳуқуқӣ, нақши стандартҳои техникӣ ва мониторинги он дар соҳаи сифати об ва хок, бехатарии сарбанд, гидроэнергетика ва сарбандҳо.

“Мо дар бораи бахши оби Олмон, ки аз мо хеле фарқ мекунад, маълумоти зиёд гирифтем. Илова ба мубодилаи зиёди маълумот, сафари шиносоии хеле шавқовар ба обанбори оби нушокии Ваҳнбах барпо гардид, ки дар он мо бо мисоли равшани намоиши обанбор бо галереяи ахборотии интерактивӣ шинос шудем. Ҳоло мо мехоҳем онро дар ин ҷо, дар ташкилоти ҳавзаи дарёи худ такрор кунем”, – Афроз Азизов, муовини сардори Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзаи Зарафшон гуфт:

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER дастгирии вазоратҳои дахлдорро дар бунёди иқтидори касбии кормандонашон бо мақсади саҳмгузорӣ дар идоракунии устувор ва ҳифзи захираҳои обу замин дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.

Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат аст, ки онон қарор доданд тадриҷан дониш, захира, ва такдири хешро пайванданд. Ҳамроҳ таи 60 соли васеъшавӣ онҳо минтақаи устувор, демократӣ ва рушти бардавомро бунёд намуда, ҳамзамон гуногунияти фарҳангӣ, арзи таҳаммул ва кафолати озодии шахсиро нигоҳ доштанд. Иттиҳоди Аврупо омода аст муваффақиятҳо ва арзишҳояшро бо мамолик ва қавмиятҳои берун аз сарҳадоти хеш бо ҳам бубинад. Аз ин лиҳоз, Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб фаъолият бурда, ҳамасола барои рушти мамлакат тақрибан 35 млн. евро фароҳам менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.