Дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон 5 кӯдак ғарқ шуданд

Дар як рӯзи охир дар шаҳру навоҳии кишвар панҷ наврас ғарқ шудаанд, ки калонтарини онҳо 18-сола буд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (ҚҲФ) хабар медиҳад. Ҳодисаҳои фоҷеабор дар навоҳии Шаҳринав, Рашт, Данғара, Қубодиён ва дар шаҳри Панҷакент ба қайд гирифта шудаанд. Ғарқшудагон мутаваллиди солҳои 2004, 2006 ва 2011 будаанд. Ҷасади чаҳор нафари ғайршудаҳо […]

Дар як рӯзи охир дар шаҳру навоҳии кишвар панҷ наврас ғарқ шудаанд, ки калонтарини онҳо 18-сола буд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (ҚҲФ) хабар медиҳад.

Ҳодисаҳои фоҷеабор дар навоҳии Шаҳринав, Рашт, Данғара, Қубодиён ва дар шаҳри Панҷакент ба қайд гирифта шудаанд.

Ғарқшудагон мутаваллиди солҳои 2004, 2006 ва 2011 будаанд.

Ҷасади чаҳор нафари ғайршудаҳо аз об берун оварда, ба наздиконашон супурда шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади як сокини 16-солаи деҳаи Гулафшони ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон идома дорад.

КҲФ сабабҳои фоҷиаро оббозӣ дар ҷойҳои муайяннашуда ва номаълум гуфт.

– Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар ба аҳолӣ, махсусан ба волидон муроҷиат намуда, онҳоро даъват менамояд, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд, реҷаи ҳаррӯза ва истироҳати кӯдаконро тартиб диҳанд, дар обанборҳо ҳамроҳи онҳо бошанд, – ҳушдор медиҳад ин ниҳод.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол 84 нафар дар обҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 нафар бештар аст.

Аз шумораи умумӣ то 4-сола – 7 кӯдак, аз 5 то 10-сола – 15 кӯдак, 11-16-сола – 24 наврас, 17-35-сола – 27 нафар ва аз 35-сола боло 11 нафар мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.