Боздошти навбатии фурӯшандагони силоҳи сард дар Душанбе

Ҳамин ҳафта дар ҷараёни амалиёти “Корд” дар Душанбе ду фурӯшандаи силоҳи сард боздошт ва як нафари дигар барои бо худ доштани корд боздошт шуданд. Тавре ки хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, аз боздоштшудагон 10 корд ва 10 кастет дарёфту мусодира шудааст. “Аз ҷумла дар бозори “Панҷшер” Хушназар Расулови 34-сола, сокини ноҳияи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҳамин ҳафта дар ҷараёни амалиёти “Корд” дар Душанбе ду фурӯшандаи силоҳи сард боздошт ва як нафари дигар барои бо худ доштани корд боздошт шуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, аз боздоштшудагон 10 корд ва 10 кастет дарёфту мусодира шудааст.

“Аз ҷумла дар бозори “Панҷшер” Хушназар Расулови 34-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шудааст, ки дар мағозааш 10 кастети гуногунҳаҷм дарёфт шуд, – омадаааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар бозори “Ганҷина” Неъматулло Додобоеви 45-сола боздошт шудааст, ки ба фурӯши кордҳо машғул будаастю Аз мағозаи ӯ 10 корди навъҳои гуногун мусодира шудааст.

Ба иттилои манбаъ, нисбати боздоштшудагон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме аз онҳо ба маблағи 320 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Кормандони милитсия ҳамчунин сокини Бохтар Юрий Ленивихро, ки мусаллаҳ бо корд дар кӯчаҳои пойтахт сайругашт мекард, низ боздошт намудаанд.

“Нисбати ӯ низ санди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бар асоси қарори суд ӯ ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс шуд”, – гуфтанд дар Раёсат.

Қобили зикр аст, ки амалиёти “Корд” муддати чор сол инҷониб барои ошкор ва мусодира намудани яроқи сард, аз қабили корду кастет, электршокер ва ғайра аз аҳолӣ, бахусус ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

Амалиёт бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва содир гардидани ҷиноятҳо байни ҷавонон бо истифода аз силоҳи сард гузаронида мешавад.

Дар ин маводи мо дар бораи чӣ гуна тайёр кардани кордҳо, манъи фурӯши кадом навъҳои он ва ҷазои пешбинишуда барои касоне, ки бо яроқи сард гаштугузор мекунанд, маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.