Дар ҷараёни амалиёти махсус дар Афғонистон пешвои “Ал-Қоида” Айман Аз-Завоҳирӣ кушта шуд

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико аз маҳви раҳбари “Ал-Қоида” Айман Аз-Завоҳирӣ дар Афғонистон хабар дод. Ба гузориши хабаргузории Reuters, Байден дар як паёми телевизионӣ гуфтааст: "Адолат барқарор шуда, ин раҳбари террористон дигар нест. Мо ҳеҷ гоҳ ақибнишинӣ намекунем." Ба гуфтаи ӯ, дар аввали соли ҷорӣ макони будубоши Завоҳирӣ ба ниҳодҳои истихборотии Амрико маълум шудааст. "Ӯ дар […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико аз маҳви раҳбари “Ал-Қоида” Айман Аз-Завоҳирӣ дар Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, Байден дар як паёми телевизионӣ гуфтааст: "Адолат барқарор шуда, ин раҳбари террористон дигар нест. Мо ҳеҷ гоҳ ақибнишинӣ намекунем."

Ба гуфтаи ӯ, дар аввали соли ҷорӣ макони будубоши Завоҳирӣ ба ниҳодҳои истихборотии Амрико маълум шудааст.

"Ӯ дар куштор ва хушунат алайҳи шаҳрвандони Амрико, низомиёни амрикоӣ, дипломатҳои амрикоӣ ва нодида гирифтани манфиатҳои Амрико даст дорад”, – илова кардааст Байден.

Дар брифинги махсус сухангӯи Кохи Сафед гуфтааст, ки рӯзи якшанбеи гузашта ба манзиле дар пойтахти Афғонистон, ки Завоҳирӣ вақтҳои охир пинҳон шуда буд, зарбаи дақиқ анҷом дода шуд.

Ӯ  илова кардааст: "Чанд моҳ боварии мо ба он ки Завоҳирӣ дар ин макон дар Кобул буд, қавӣ шуд. Муддати тӯлонӣ мо Завоҳириро дар балкон мушоҳида кардем, ки дар ниҳоят ӯ мавриди зарба қарор гирифт."

Ба гуфтаи вай, ду мушаки Hellfire аз ҳавопаймои бесарнишин партоб шудааст. Дар натиҷаи ин ҳамла хешовандони Завоҳирӣ, ки дар хона буданд ва ҳам мардуми осоиштаи гирду атроф осеб надидаанд.

Амалиёти вижа алайҳи Завоҳирӣ нахустин ҳамлаи Амрико алайҳи “Ал-Қоида” дар Афғонистон пас аз хурӯҷи нирӯҳои Амрико дар моҳи августи соли гузашта буд.

Завоҳирӣ созмондиҳандаи ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 ба Иёлоти Муттаҳида шинохта шуда ва аз он замон дар фирор буд.

Пас аз кушта шудани Усома бин Лодин дар Покистон дар соли 2011 ҳамчунин дар натиҷаи як амалиёти вижаи Амрико, ӯ “Ал-Қоида”-ро раҳбарӣ мекард.

ИМА барои маълумот дар бораи макони будубоши Завоҳирӣ 25 миллион доллар ҷоиза таъин карда буд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Толибон амалиёти Амрикоро нрияо накардани принсипҳои байналмилалӣ номид.

"Чунин амалҳо такрори таҷрибаи бади 20 соли ахир буда, мухолифи манофеи Амрико, Афғонистон ва тамоми минтақа аст", – гуфтааст ӯ.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки Толибон пас аз ба даст овардани қудрат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 ба Завоҳирӣ паноҳандагӣ додаанд ё на.

Кохи Сафед гуфтааст, ки мақомоти баландпояи Толибон огаҳ буданд, ки раҳбари “Ал-Қоида” дар Кобул пинҳон шудааст.

Як мақоми давлат ба хабарнигорон гуфтааст, ҳузури Завоҳирӣ дар пойтахти Афғонистон як нақзи ошкори созишномаи соли 2020 аст, ки дар он Толибон ваъда дода буданд, ки Афғонистонро аз як паноҳгоҳи амн барои терроризми байналмилалӣ пешгирӣ мекунанд.

"Мо интизорем, ки онҳо ба шартҳои созишномаи имзошуда дар Давҳа пойбанд бимонанд ва ҳузури Завоҳирӣ дар маркази шаҳри Кобул ошкоро риоя накардани ин шартҳо буд",- иброз доштааст ӯ. – Ба даъвати Толибон ба масъулият идома медиҳем".

Ҷо Байден дар паёми худ гуфт, ки ниҳодҳои истихборотии Амрико намояндагони Толибонро аз амалиёти дарпешистода ҳушдор надода буданд, аммо дар баробари ин, ИМА ба ҳамкориҳои минбаъда бо мақомоти нави Афғонистон умедвор аст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.