Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз 3 млрд доллар зиёд шуд

Қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” то аввали нимсолаи соли равон 32 млрд сомонӣ (ҳудуди 3,1 млрд доллар)-ро ташкил дод, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 1 август сардори раёсати молиявии ширкат Рустам Маҷидзода. Ӯ зикр кард, ки ширкат аз НБО “Сангтӯда-2” – 2,8 млрд сомонӣ, НБО “Сангтӯда-1” – 2,4 млрд сомонӣ, “Ориёнбонк” – 2 млрд сомонӣ […]

Қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” то аввали нимсолаи соли равон 32 млрд сомонӣ (ҳудуди 3,1 млрд доллар)-ро ташкил дод, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 1 август сардори раёсати молиявии ширкат Рустам Маҷидзода.

Ӯ зикр кард, ки ширкат аз НБО “Сангтӯда-2” – 2,8 млрд сомонӣ, НБО “Сангтӯда-1” – 2,4 млрд сомонӣ, “Ориёнбонк” – 2 млрд сомонӣ ва Вазорати молия (ҳукумат) – 23,6 млрд сомонӣ қарздор аст.

Қарз дар назди Вазорати молия аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши электроэнергетика ба вуҷуд омадааст. Барои татбиқи ин лоиҳаҳо дар солҳои гуногун қарзҳои ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷудогона ҷалб шуданд. Бо истифода аз ин қарзҳо неругоҳҳои барқи обӣ таъмиру навсозӣ гардида, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо, инчунин дигар иншооти зербиноӣ сохта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, қарзи дебитории ширкат (қарзҳои дигарон аз худи ширкат) ба ҳолати 1 июли ҳамин сол зиёда аз 3,4 млрд сомониро ташкил додааст, аз ҷумла аҳолӣ барои истифодаи барқ 1,3 млрд сомонӣ қарздор шудааст.

Қобили зикр аст, ки байни ҳамаи корхонаҳои кишвар “Барқи тоҷик” аз ҳама зиёдтар қарз дорад. Қарзи кредитории ширкат (қарзи ширкат аз дигарон) ба аз се як ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.

Яке аз далелҳои вазъияти душвори молиявии худро ширкат чунин маънидод мекунад, ки таърифаҳо (тарифҳо) ба барқ паст аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.