Олимпиадаи шоҳмот: занони Тоҷикистон Барбадосро мағлуб карданд

Дар Олимпидаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон ҷараён дорад, мунтахаби занони Тоҷикистон ба пирӯзии дуюм ноил гардид. Занони шоҳмотбози тоҷик Надежда Антонова, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова ва Мутриба Ҳотамӣ ҳарифони худро шикаст дода, ба ғалаба бар дастаи Барбадос бо ҳисоби 4:0 дастёб шуданд. Қобили зикр аст, ки дар радабандӣ (рейтинг)-и умумии ҷаҳонӣ дастаи […]

Дар Олимпидаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон ҷараён дорад, мунтахаби занони Тоҷикистон ба пирӯзии дуюм ноил гардид.

Занони шоҳмотбози тоҷик Надежда Антонова, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова ва Мутриба Ҳотамӣ ҳарифони худро шикаст дода, ба ғалаба бар дастаи Барбадос бо ҳисоби 4:0 дастёб шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар радабандӣ (рейтинг)-и умумии ҷаҳонӣ дастаи Барбадос дар муқоиса бо Тоҷикистон дар зинаи поинтар қарор дорад.

Акнун мунтахаби занони Тоҷикистон аз 4 холи имконазир 2 имтиёз ба даст овард. Даста дар ду даври аввал бо ҳисоби якхелаи 0:4 аз занони шоҳмотбози Ҳиндустон ва Қирғизистон шикаст хӯрда, сипас дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Барбадосро мағлуб кард.

Ҳарифи навбатии занони шоҳмотбози тоҷик дар Олимпидаи ҷаҳонӣ дастаи Ирландия мебошад.

Мунтахаби шоҳмоти мардони Тоҷикистон пас аз ду ғалабаи пайиҳам дар даврҳои аввал бори дуюм аз Белгия бо ҳисоби 0,5:2,5 ба шикаст дучор шуд.

Мунтахаби мардони Тоҷикистон низ аз 4 холи имконпазир 2 имтиёз ба даст оварда, дар даври навбатӣ бо тими Суринам қувваозмоӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.