Раиси кумитаи занон гуфт, чаро сабаби аксари худкушии занон «бемории рӯҳӣ» гуфта мешавад

Date:

Ҳилолбибӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар ба суоли чаро аз рӯи натоиҷ ҳама ҳодисаҳои худкушӣ як сабаб – «бемории рӯҳӣ» зикр мешавад, посух дод.

Ӯ имрӯз, 2 август дар нишасти матбуотӣ, дар посух ба ин суол афзуд, ки шахси солим наметавонад ба худкушӣ даст занад, бахусус дар мавриди он  худкушиҳое, ки тавассути корд анҷом дода мешавад.

“Албатта ин ҳолатҳое аст, ки онҳо худашонро идора карда наметавонанд. Сабаби ин ҳодисаҳоро прокуратура ва суд муайян мекунад. Онҳо дар аксар ҳолат муайян кардаанд, ки сабаби худкушӣ бемории рӯҳӣ аст”, – гуфт раиси кумитаи кор бо занон.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, сабаби аслии даст ба худкушӣ задани занону духтарон низоъҳои оилавӣ ва хушунати хонаводагӣ мебошад.

Ҳилолбӣ Қурбонзода иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 108 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон ва духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 21 адад кам аст.

Ҳамин тариқ, дар вилояти Суғд 42 ҳолат ва дар вилояти Хатлон 33 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занону духтарон ба қайд гирифта шудааст.

Кумита барои занони талоқгирифта хобгоҳи муваққатӣ месозад

Дар нишасти матбуотӣ раҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила гуфт, барои заноне, ки аз шавҳарони худ ҷудо шуда, аз хонаи шавҳар ва волидони худ ронда мешаванд, хобгоҳи муваққатӣ месозад.

Ҳилолбӣ Қурбонзода афзуд, барои сохтмони хобгоҳ дар шаҳри Душанбе аллакай як қитъа замини алоҳида ҷудо шудааст ва бунёди он дар нақшаи сохтмонҳои ҷашнии 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ӯ зикр кард, ки ҳуҷҷатҳо дар Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе дар баррасӣ қарор доранд ва дар сурати пурра ҳал шудани ҳуҷҷатгузорӣ  маблағгузории он аз ҳисоби шарикони рушд ё ҳукумат пешбинӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...