Кумитаи занон ва оила: Мардони дузана аз занони аввал бояд сипосгузор бошанд

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, дар Тоҷикистон марде, ки ду зан дорад, бояд аз ҳамсари аввалаш барои шикоят накардан аз дузанагияш сипосгузорӣ кунад. Ӯ бори дигар хотиррасон кард, ки дузанагӣ дар сатҳи қонунгузорӣ манъ аст. Дар ҳамин ҳол, вай зикр кард, ки агар занҳо бо […]

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, дар Тоҷикистон марде, ки ду зан дорад, бояд аз ҳамсари аввалаш барои шикоят накардан аз дузанагияш сипосгузорӣ кунад.

Ӯ бори дигар хотиррасон кард, ки дузанагӣ дар сатҳи қонунгузорӣ манъ аст.

Дар ҳамин ҳол, вай зикр кард, ки агар занҳо бо шикоят ва даъво ба мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба далели дузанагӣ муроҷиат кунанд, мард муҷозот мешавад.

“Зани дуюм мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин нест. Бисёр афсӯс, ки мардҳои мо дар аксар ҳолатҳо ба ин чиз нигоҳ накарда, зани дуюм мегиранд ва фақат хушбахтиашон аз он вобаста аст, ки занҳои якум аз болояшон шикоят намекунанд. Барои ҳамин ба занҳои якум раҳмат гӯянд ки ба мақомот шикоят намекунанд. Дар сурати шикоят кардани зан аз болои шавҳараш, албатта мард ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”, – гуфт Қурбонзода.  

Раиси кумитаи занон гуфт,  яке аз омилҳои беҷазо мондани мардони дузана ин ба мақомот муроҷиат накардани занони якум аст.

Зимнан, бояд гуфт, ки тибқи моддаи 170 (Бисёрзанӣ, дузанагӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои дузанагӣ ҷарима ба андозаи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як ҳисоб ба 64 сомонӣ баробар аст), корҳои ислоҳӣ ба муҳлати ду сол ё маҳрум сохтан аз озодиро ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ шуадааст.

Пешбинӣ шудани ҷазо дар қонунгузорӣ дар робита ба дузанагӣ ё бисёрзанӣ дар ҳолест, ки дар кишвар мардони зиёде пинҳонӣ зани дуввум мегиранд ва ин чиз дар баъзе мавридҳо боиси пошхӯрии оилаҳои аввал мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.