Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовар дар як қатор минтақаҳои Эрон ба раиси ин кишвар Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. “Хабари талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовар дар як қатор минтақаҳои […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовар дар як қатор минтақаҳои Эрон ба раиси ин кишвар Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

“Хабари талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовар дар як қатор минтақаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи амиқи мо гардид”, – зикр мешавад дар барқияи изҳори тасаллӣ.

Дар барқия ба сарвари ин давлат ва мардуми дӯсти Эрон, аҳли пайвандону наздикони қурбониён ҳамдардӣ ва тасаллиёт изҳор шуда, аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоста шудааст.

Тибқи маълумоти ахир, бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовари тайи чанд рӯзи ахир дар Эрон, дастикам 90 нафар ҳалок шуданд. Ба иттилои хабаргузории ТАСС, дар ин бора рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта хабаргузории Tasnim бо истинод ба табибон хабар додааст.

Гуфта мешавад, боз 8 нафари дигар бедаракшуда дониста мешаванд.

Охири моҳи июл Эронро обхезиҳои бузургмиқёс фаро гирифтанд. Тақрибан дар 2/3 ҳиссаи тамоми музофотҳои кишвар (24 аз 31) обхезӣ мушоҳида шуд.  Дар миёни минтақаҳои аз ҳама бештар осебдида Теҳрон аст. Бахтиёр, Исфаҳон, Язд, Луристон, Мозандарон ва Чаҳормаҳал низ аз офати табиӣ осеб диданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.