“Кафтарбоз” 23 сол ва ҳамроҳонаш то 18 сол равонаи зиндон шуданд

Нурулло Раҳимов, ки дар олами ҷиноӣ бо лақаби “Кафтарбоз” машҳур буд, барои қочоқ ва фурӯши беш аз 13 кг маводи мухаддир 23 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, сардори Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ҳамчунин, се ҳамроҳи Раҳимов –  ду шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар кадоме 16 […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Нурулло Раҳимов, ки дар олами ҷиноӣ бо лақаби “Кафтарбоз” машҳур буд, барои қочоқ ва фурӯши беш аз 13 кг маводи мухаддир 23 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, сардори Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, ҳамчунин, се ҳамроҳи Раҳимов –  ду шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар кадоме 16 сол ва як шаҳрванди Афғонистон 18 сол ҳабс шуданд.

Мақомот моҳи марти соли равон аз боздошти як гурӯҳи муташакили ҷиноӣ дар шаҳри Душанбе хабар дода буданд, ки дар қочоқ, фурӯш ва гардиши беш аз 13 кг воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”, “афюн” ва “метамфетамин” гумонбар мешаванд.

Он замон, аз саркардаи ин гурӯҳ Нурулло Раҳимови 50-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки дар олами ҷиноӣ бо лаққаби “Кафтарбоз” шинос аст, ном бурда навишта буданд, ки ӯ ва бештари ҳаммаслаконаш пештар низ ҳабс шуда буданд.

Манбаъ аз аъзои дигари гурӯҳи муташаккил Саъдӣ Соқиев, сокини шаҳри Душанбе, Баҳрулло Минбаев, сокини ноҳияи Рудакӣ, ки пештар барои одамкушӣ 14 ҳабс шуда буд, Асроридин Жоббиров, сокини Душанбе, ки пеш низ барои маомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ҳабс шуда буд ва Расули Кабир, шаҳрванди Афғонистон, ки муваққатан дар Душанбе зиндагӣ мекард, ном бурда буданд.

Оҷонсии назорати маводи нашъаовар ҳамчунин гуфта буд, ки ҳангоми дастгир намудан Раҳимов бо худ 1 адад таппончаи тамғаи “Макаров” – ро нигоҳ медошт.

– Саркардаи гурӯҳи муташакил Раҳимов Нурулло чунин вонамуд сохтааст, ки бо истифода аз парвариш ва нигоҳубини паррандаҳо, ки гуё ҷузъи асосии фаъолияти соҳибкории ӯ ба ҳисоб меравад ва ҳама даромадҳояш ба қавле аз ин ҳисоб сарчашма мегиранд, даст ба амалҳои хариду фурӯши маводи нашъадор мезадаст, – гуфта буд мақомот.

Имрӯз, дар нишасти матбуотии Оҷонсии назорати маводи нашъаовар иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 578  кг 145 грам маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (1 тоннаву 695 кг 645 грам) 52 дарсад ё 882, 5 кг зиёд мебошад.

Дар соли 2022 оҷонсӣ фаъолияти 26 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 47 нафар ошкор ва 3 гурӯҳи муташакили ҷиноятиро дар ҳайати 6 нафар дастгир кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.