Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон лоиҳаи Барномаи рушди воситаҳои нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 таҳия намудааст, ки дар он пурра аз пардохтҳои андоз ва гумрук озод кардани воридоти нақлиёти барқӣ пешбинӣ шудааст. Дар Вазорати нақлиёт ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Барномаи зикршуда айни замон дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад. Барои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон лоиҳаи Барномаи рушди воситаҳои нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 таҳия намудааст, ки дар он пурра аз пардохтҳои андоз ва гумрук озод кардани воридоти нақлиёти барқӣ пешбинӣ шудааст.

Дар Вазорати нақлиёт ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Барномаи зикршуда айни замон дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад.

Барои қонунӣ кардани чунин иқдом аз ворид намудани тағйироти дахлдор ба қонунгузории андоз ва гумрук интизорӣ меравад.

Дар доираи лоиҳа инчунин бунёди зерсохтори зарурии густарда, аз ҷумла сохтмони нуқтаҳои ғизодиҳӣ (пур кардани барқ) дар назар аст.

Ҳозир дар кишвар электромобилҳое равуо доранд, ки дастгоҳи ғизодиҳиашон (аккумуляторҳояшон) ба гуфтаи моликони онҳо, дар хона ғизо дода мешаванд, яъне барои барқ ба мисли истеъмолгарони маишӣ маблағ пардохт мекунанд.

Таърифа (тариф)-и барқ барои нақлиёт айни замон дар як сатҳ бо таърифаҳо барои итеъмолгарон – 22,66 сомонӣ (2,2 сент) қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли гузашта президенти Тоҷикистон дастур дода буд, ки воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо, электробус, троллейбус ва дигар нақлиёти ба инҳо монанд пурра аз пардохтҳои андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шавад.

Он замон зимни ироаи паём ба парлумон ӯ инро “мутобиқшавии иқтисоди миллӣ ба тағйирёбии глобалии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологии кишвар” маънидод карда буд.

“Дар ин робита ҳукуматро зарур аст, ки барои давра ба давра бунёд кардани зерсохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави ҷумҳурӣ чораҷӯӣ кунад”, – илова карда буд президент.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон сӯзишворӣ барои автомобилро қариб пурра аз хориҷи кишвар ворид мекунад, асосан аз Русия (бензин ва сӯзишвории дизелӣ) ва аз Қазоқистон (гази моеъ).

Тоҷикистон имконоти бузурги гидроэнергетикӣ (527 млрд кВт.соат дар як сол) дошта, лекин ҳамагӣ ҳудуди 40% (наздики 21 млрд кВт/соаташ)-и он истифода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.