Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд

Рӯзҳои 11-12 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкуҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ, омадани сели хусусияти пиряхӣ дошта имконпазир аст. Дар ин бора Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад. Тибқи маълумоти ҳавошиносон, дар ин муддат бар асари ноустувории обуҳаво ва бо дарназардошти боришоти шадиди маҳаллӣ дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимоли омадани селҳои хавфнок […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Рӯзҳои 11-12 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкуҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ, омадани сели хусусияти пиряхӣ дошта имконпазир аст. Дар ин бора Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти ҳавошиносон, дар ин муддат бар асари ноустувории обуҳаво ва бо дарназардошти боришоти шадиди маҳаллӣ дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимоли омадани селҳои хавфнок вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват кардааст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Инчунин Кумита тавсия медиҳад, ки тамоми чораҳои эҳтиётӣ андешида шаванд.

Аз ҷумла, бо мақсади пешгирӣ намудани оқибатҳо, тоза кардани гилу лой, ҷӯйборҳо аз партовҳо, то ҳадди имкон аз ҷамъоварии ҳезум, моҳигирӣ, чарогоҳ ва шикор дар мавзеъҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Дар ҳолати таҳдиди хатар ба ҳаёт, саломатӣ, молу мулк, ба рақами 112 занг занед ё ба шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат кунед: 93 880 28 19223 13 11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст