Дарёфти ҷасади духтари 16-сола аз дарёи Зарафшон

Рӯзи 11 август кормандони КҲФ Тоҷикистон ҷасади як ноболиғро дар соҳили дарёи Зарафшон, дар ҳудуди деҳаи Озодагони ҷамоати деҳоти Хурмӣ пайдо кардаанд. Ба иттилои дафтари матбуотии КҲФ кишвар як духтари 16-сола аз деҳаи Хӯҷапанҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷекат рӯзи 9 августи соли ҷорӣ баъди як муноқишаи оилавӣ аз хона берун шуда, дигар барнагаштааст. "Корҳои […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Рӯзи 11 август кормандони КҲФ Тоҷикистон ҷасади як ноболиғро дар соҳили дарёи Зарафшон, дар ҳудуди деҳаи Озодагони ҷамоати деҳоти Хурмӣ пайдо кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуотии КҲФ кишвар як духтари 16-сола аз деҳаи Хӯҷапанҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷекат рӯзи 9 августи соли ҷорӣ баъди як муноқишаи оилавӣ аз хона берун шуда, дигар барнагаштааст.

"Корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот сари вақт оғоз шуданд ва танҳо 11-уми август поён ёфтанд". – хабар медиҳад манбаъ.

Дар робита ба ин ҳодиса,  Кумита аз волидон хоҳиш кардааст, ки бо фарзандони худ бо муҳаббати падариву модарӣ ва ҳисси дилсӯзӣ ба ояндаи онҳо муносибат кунанд.

Кумита таъкид кардааст, ки сахтгириҳои беҳадду марз оқибатҳои фоҷеабор доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст