Таркиш дар масҷиди Кобул дастикам 40 кушта бар ҷой гузошт

Бар асари таркиши рӯзи 17 август дар як масҷид дар шимолу шарқи Кобул дасти кам 30 нафар кушта ва ҳудуди 40 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. ”Толибон” ҳоло ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Масъулияти ин ҳодисаро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст. Тавре ки телевизиони Al Jazeera хабар медиҳад, таркиши пуршиддат ҳангоми намози шом дар масҷиди […]

Asia-Plus

Бар асари таркиши рӯзи 17 август дар як масҷид дар шимолу шарқи Кобул дасти кам 30 нафар кушта ва ҳудуди 40 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. ”Толибон” ҳоло ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Масъулияти ин ҳодисаро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.

Тавре ки телевизиони Al Jazeera хабар медиҳад, таркиши пуршиддат ҳангоми намози шом дар масҷиди Кобул ба вуқуъ пайвастааст. Корманди хадамоти амният ба Al Jazeera гуфтааст, бар асари таркиш 20 нафар ҳалок ва боз 40 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилои Reuters, намояндаи хадамоти иктишофи ҳукумати толибон бо шарти ифшо нашудани ному насбаш зикр кардааст, ки таркиш дар масҷиди назди мавзеи Хайр Хон ба амал омада, имоми ин масҷид ҳам ҳалок шудааст.

Тавре ки Associated Press иттилоъ медиҳад, таркишро дар масҷиди Сиддиқия террористи маргталаб анҷом додааст.

Созмони ғайриҳукуматии итолиёвии Emergency изҳор доштааст, ки 27 нафар захмӣ шуда, се нафарашон ҷон бохтаанд.

Ёдрас мешавад, ки рӯзи 13 август ҳангоми таркиш дар шуъбаи Раёсати миллии омор ва иттилоот дар Кобул се кас ҳалок ва чанд тани дигар осеб диданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.