Дучархаи ба хотири қатли сайёҳон гузошта куҷо шуд? Шарҳи раҳбарияти ноҳияи Данғара

Ёдгорие, ки дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба хотири эҳтиром ба сайёҳони кушташудаи хориҷӣ дар шакли велосипеди сиёҳ гузошта шуда буд, нопадид гаштааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. Талош варзидем, то бифаҳмем, ки осабабҳои “нопадид шудани он” чист. Муҷассамаи ёдгорие, ки дар ноҳияи Данғара ба хотираи чор сайёҳи хориҷии кушташуда гузошта шуда буд, барои таъмиру навсозӣ аз […]

Ёдгорие, ки дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба хотири эҳтиром ба сайёҳони кушташудаи хориҷӣ дар шакли велосипеди сиёҳ гузошта шуда буд, нопадид гаштааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. Талош варзидем, то бифаҳмем, ки осабабҳои “нопадид шудани он” чист.

Муҷассамаи ёдгорие, ки дар ноҳияи Данғара ба хотираи чор сайёҳи хориҷии кушташуда гузошта шуда буд, барои таъмиру навсозӣ аз ҷояш гирифта шудааст, итминон дод ба “Азия-Плюс” муовини раиси ноҳияи Данғара Каромиддин Холзода.

Ӯ шарҳ дод, ки муҷассама ҳеҷ ҷойе гум нахоҳад шуд. “Айни замон он таъмир мешавад ва сипас ба ҷояш насб хоҳад шуд”, – иброз дошт ӯ.

Дар бораи санаи дақиқи аз ҷояш барканда шудани муҷассама у маълумот надода, дар ҳамин ҳол, зикр кард, ки ин кор чанде пеш сурат гирифта, рӯзҳои наздик муҷассамаи бозсозишуда ҷояшро мегирад.

Амали террористии марговар

Муҷассамаи ёдгорӣ барои гиромидошти хотираи қатли бераҳмонаи сайёҳони дучархарони хориҷӣ гузошта шуда буд. Ҳамон рӯз, 2 сентябри соли 2018 бо иштироки 50 нафар велосипедрони синну сол ва сатҳи омодагии гуногун ба хотираи ҳалокшудагон веломарафон доир гардида, велосипедронон 87 километр масофаро тай намуданд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июли соли 2018 дар Тоҷикистон 4 нафар сайёҳони хориҷӣ бераҳмона ба қатл расонида шуда буданд. Дар қаламрави ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара нахуст сайёҳонро мошин пахш карда, сипас одамони аз сабукрав беруномада ба онҳо ҳамла карданд.

Он замон 4 нафар сайёҳон ҳалок шуданд: ҳамсарони 29-сола аз ИМА Ҷей Остин ва Лорен Гейган, сокини Нидерланд Рене Вокке ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус. Ду нафари дигар – Ким Постма ва Дименд Мари Клер ҷароҳат бардоштанд.

Аз 5 нафари бевосита ба сайёҳон ҳамлакарда танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда монд, ки 21-уми ноябр ба ҳабси абадӣ маҳкум шуд (моҳи марти соли 2021 дар зиндон вафот кард). Боқимонда 4 нафари ҳамлакарда дар ҷараёни амалиёти махсус кушта шуданд.

Боз 2 нафар иштирокчии дигари ин амал – Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16 соли зиндон маҳкум шуданд. Ғайр аз ин, боз 12 нафар барои саривақт ба мақомот хабар надодан (моддаи 347 КҶ ҶТ) ба муҳлатҳои аз 1 то 1,5 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Масъулияти куштори сайёҳонро созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба дӯш гирифт. Фарзияи расмиии Душанберо ВКД ҷумҳурӣ изҳор кард –  дар анҷоми амали террористӣ Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ даст дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.