Тоҷикистон ягона кишвари пасошӯравӣ миёни камбизоаттаринҳо аз рӯи ҳаҷми ММД ба сари аҳолӣ аст

Байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон ягона давлате боқӣ мемонад, ки тибқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи сатҳи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба  ҳар сари аҳолӣ дар сафи кишварҳои сатҳи даромадашон паст қарор дорад. Дар гузориши чанде пеш нашршудаи Бонки авруосиёии рушд гуфта мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар […]

Байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон ягона давлате боқӣ мемонад, ки тибқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи сатҳи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба  ҳар сари аҳолӣ дар сафи кишварҳои сатҳи даромадашон паст қарор дорад.

Дар гузориши чанде пеш нашршудаи Бонки авруосиёии рушд гуфта мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Арманистон 4679, Беларус – 7333, Қазоқистон – 10 155, Қирғизистон – 1328, Русия – 12 196 ва дар Тоҷикистон – 878 долларро ташкил додаанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҶТ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ММД-и ҷумҳурӣ ба 98,9 млрд сомонӣ (ҳудуди 8,8 млрд доллар) баробар шуда, шумори аҳолии доимии кишвар то 1 январ ба 9 млн 934,4 ҳазор нафар расид.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хазинаи байнулмилалии асъор, тавре ки интизорӣ мерафт, нишондиҳандаҳои нисбатан беҳтар дар ин самт миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои Назди Балтика ба қайд гирифта шудааст: Эстония – 27 100, Литва – 22 411 ва Латвия – 19 538 доллар.

Дар шаш кишвари боқимондаи пасошӯравӣ ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар соли гузашта тариқи зайл аст: Туркманистон – 8843, Озарбойҷон – 5167, Украина – 4960, Гурҷистон – 4807, Молдова – 4791 ва Ӯзбекистон – 1901 доллар.

Мувофиқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар гуруҳи кишварҳои сатҳи даромадашон паст (low income economies) ҷойгир аст. Дар ин кишварҳо Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ – камтар аз 1026 доллар аст. Ба ин гуруҳ 31 кишвари ҷаҳон шомиланд, ки аксарияташон давлатҳои Африқо, инчунин Афғонистон мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.