Ҷашнвораи 15-уми “Боми ҷаҳон” ба Хоруғ бармегардад

Пас аз ду соли пандемия, аз 19 то 21 августи соли 2022 дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ (ВМКБ, Тоҷикистон) Фестивали 15-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии  «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад. Имсол Фестивал дар шакли омехта ҳам намоиши зинда ва ҳам пахши мустақим доир мегардад. Тақрибан 100 навозанда аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон, Ҳиндустон, Фаронса, Австрия ва […]

Пас аз ду соли пандемия, аз 19 то 21 августи соли 2022 дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ (ВМКБ, Тоҷикистон) Фестивали 15-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии  «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад. Имсол Фестивал дар шакли омехта ҳам намоиши зинда ва ҳам пахши мустақим доир мегардад.

Тақрибан 100 навозанда аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон, Ҳиндустон, Фаронса, Австрия ва Нидерланд дар саҳна ва тариқи пахши мустақим ҳунарнамоӣ мекунанд, то ҳунарҳои беназири худро дар услуби мусиқии анъанавӣ ва омехта намоиш диҳанд. Дар давоми се рӯзи ҷашнвора созмондиҳандагон интизор доранд, ки беш аз 10 000 тамошобинро қабул намоянд.

Ҳадафи ҷашнвора инъикоси зебогии гуногунии фарҳангӣ (Осиёи Марказӣ ва дар маҷмӯъ ҷаҳон) ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ тавассути ифодаи шаклҳои мухталифи санъат ва анъанаҳои гуногуни фарҳангӣ мебошад. Он инчунин ба арзишҳои инсонӣ ва ҳамзистии осоишта дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи Фестивал аз ҷониби  ҳунармандони касбӣ барои донишҷӯён, навозандагон, санъатшиносон, дӯстдорони мусиқии ватанӣ ва хориҷӣ силсилаи дарсҳои маҳоратӣ доир хоҳанд шуд.

Намоишгоҳҳои ҳунарӣ ва як бозори анъанавии хӯрокворӣ, маҳсулоти фарҳангии маҳаллӣ, инчунин филмҳои ҳуҷҷатӣ ва видеоҳои мавзӯӣ пешкаши иштирокдорон мегарданд.

Имсол донори асосии ҷашнвора – Ҳукумати Швейтсария низ 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсария ҷашн мегирад. Тавре муовини директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Ричард Шеневард қайд кард: «Ҷашнвораи «Боми Ҷаҳон» ба як рӯйдоди муҳими фарҳангиву сайёҳӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар Хоруғ табдил ёфтааст. Мо хурсандем, ки ин ташаббуси ҳаётан муҳимро дар тӯли даҳсола дастгирӣ менамоем".

Баргузории ҷашнвора инчунин аз ҷониби Ҳукумати маҳаллии ВМКБ, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди Оқохон, Барномаи мусиқии Оқохон, Сафорати Фаронса ва Маркази фарҳангии Бохтар дастгирӣ карда мешавад.

Дар корҳои тадорукотии ҷашнвора як дастаи мутахассисони содиқ ва ихтиёриёни маҳаллӣ, ки ҳамасола дар Боми Ҷаҳон ҳувияти фарҳангӣ ва гуногунии анъанаҳои халқҳои Осиёи Марказӣ ва дигар халқҳоро бо шавқу ҳаваси беандоза таҷлил ва намоиш медиҳанд, саҳми назаррас доранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.