Даргузашти созмондиҳандаи амали террористии Данғара дар зиндон

Созмондиҳандаи ҳамлаи мусаллаҳона ба сайёҳони дучархарон дар Данғара Ҳусейн Абдусамадов дар зиндон фавтидааст. “Сабаби марги Абдусамадовро кормандони прокуратура таҳқиқ доранд. Ташхиси судиву тиббӣ гузаронида шуда, танҳо баъд аз ин ҷасад ба наздикону пайвандонаш супорида шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Мансурҷон Умаров. Ӯ изҳор дошт, ки “Абдусамадов аз шиканҷа […]

Созмондиҳандаи ҳамлаи мусаллаҳона ба сайёҳони дучархарон дар Данғара Ҳусейн Абдусамадов дар зиндон фавтидааст.

“Сабаби марги Абдусамадовро кормандони прокуратура таҳқиқ доранд. Ташхиси судиву тиббӣ гузаронида шуда, танҳо баъд аз ин ҷасад ба наздикону пайвандонаш супорида шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Мансурҷон Умаров.

Ӯ изҳор дошт, ки “Абдусамадов аз шиканҷа ҳалок нашудааст”.

“Нисбат ба ӯ аз шиканҷа истифода нашудааст, ман шахсан ба баргузории ташхис манфиатдор будам, то ки баъд ҳар чиз нагӯянд”, – қайд кард Умаров.

Зикр шуд, ки ҷараёни баргузории ташхис дар навори видео ва аксҳо сабт шуд, то ки “баъдан ҳар гуна овозаҳо паҳн нашаванд”.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи натиҷаҳои ташхис чизе гуфта нашуд.

“Рӯзҳои наздик дар бораи натиҷаҳо маълумоти расмӣ мешавад”, – гуфт Умаров ва илова кард, ки рӯзҳои охир Абдусамадов бемор буд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июли соли 2018 дар Тоҷикистон 4 нафар сайёҳони хориҷӣ бераҳмона ба қатл расонида шуданд. Дар қаламрави ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара нахуст сайёҳонро мошин пахш карда, сипас одамони аз сабукрав беруномада ба онҳо ҳамла карданд.

Он замон 4 нафар сайёҳон ҳалок шуданд: ҳамсарони 29-сола аз ИМА Ҷей Остин ва Лорен Гейган, сокини Нидерланд Рене Вокке ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус. Ду нафари дигар – Ким Постма ва Дименд Мари Клер ҷароҳат бардоштанд.

Аз 5 нафари бевосита ба сайёҳон ҳамлакарда танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда монд, ки 21-уми ноябр ба ҳабси абадӣ маҳкум шуд. Боқимонда 4 нафари ҳамлакарда дар ҷараёни амалиёти махсус кушта шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.