“Омӯзгор”-и Донишгоҳи Кӯлоб замони гирифтани пора боздошт шуд

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз рӯйи далели порагирӣ сокини шаҳри Кӯлоб Басбӣ Қаюмоваро боздошт карданд. Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, ӯ худро омӯзгори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб муаррифӣ намуда, барои мусоидат ба қабули сокини маҳаллӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ӯ 12 ҳазор доллар пора талаб кардааст. […]

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз рӯйи далели порагирӣ сокини шаҳри Кӯлоб Басбӣ Қаюмоваро боздошт карданд.

Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, ӯ худро омӯзгори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб муаррифӣ намуда, барои мусоидат ба қабули сокини маҳаллӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ӯ 12 ҳазор доллар пора талаб кардааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани амалҳои тафтишотӣ-оперативӣ номбурда баъди бо роҳи фиреб гирифтани маблағи пулии 2 ҳазору 300 доллари ИМА ва 17 ҳазору 600 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дастгир карда шуда, маблағи пулӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд”, – қайд мешавад дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи 247, қ. 4 КҶ ҶТ (Қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар сурати исботи гуноҳ ба ӯ ҷазои то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.