Раддабандии меҳмонхонаву осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон

Ба Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки тартиби раддабандии меҳмонхонаву осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои Тоҷикистонро таҳия кунад. Мувофиқи қарори қабулшуда, тартиби раддабандӣ бояд дар асоси таҷрибаи байнулмилалӣ таҳия ва то моҳи ноябри соли ҷорӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардад. Ҳадафи аслии раддабандӣ пешниҳоди маълумоти зарурӣ ва эътимоднок ба истифодабарандагон дар бораи мутобиқати […]

Ба Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки тартиби раддабандии меҳмонхонаву осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои Тоҷикистонро таҳия кунад.

Мувофиқи қарори қабулшуда, тартиби раддабандӣ бояд дар асоси таҷрибаи байнулмилалӣ таҳия ва то моҳи ноябри соли ҷорӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардад.

Ҳадафи аслии раддабандӣ пешниҳоди маълумоти зарурӣ ва эътимоднок ба истифодабарандагон дар бораи мутобиқати меҳмонхонаҳо ба дараҷаҳо мебошад.

Ҳамчунин меҳмонхонаҳо барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ҷолибият, ки ба афзоиши шумори ҷаҳонгардон ва рушди сайёҳии дохилию хориҷӣ аз ҳисоби таҳкими эътимоди муштариён ба баҳодиҳии мутобиқати меҳмонхонаҳо равона шудааст, раддабандӣ мешаванд.

Барои раддабандии меҳмонхонаҳо то ҳол низоми ягона вуҷуд надорад, аз ин рӯ, дар кишварҳо низомҳои гуногун, ҳамагӣ наздики 50 низом истифода мешавад. Ба таҳияи низоми раддабандии ягона гуногуншаклии фарҳанги миллӣ ва меъёрҳои гуногуни баҳодиҳӣ ба меҳмонхонаҳо дар кишварҳо монеа эҷод мекунанд.

Меҳмонхонаҳо маъмулан аз рӯйи меъёрҳои макони ҷойгиршавӣ, вақти иқомат, шумори ҳуҷраҳо, навъ ва дараҷаи хизматрасонӣ, сатҳи истироҳату фароғат, чандситорагӣ ва ғайра раддабандӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.